Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ СОҲАИ САНОАТ ДАР ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТ

29 март, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум, баргузор гардид.

Нахуст, раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода вакилонро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.

Сипас, ахбороти Қурбон Қурбонзода — раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии А.Ҷомӣ №64, Норак №10 ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон шунида шуд. Вакилон ваколати вакилони нави маҷлис Акрам Сулаймонзода ва Дилшод Асозодаро тасдиқ намуданд.

Аз рӯйи масъалаи дуюми иҷлосия — рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 12 августи соли 2020, №221 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 “Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода маърӯза кард.

Қайд гардид, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон шуда, дар мавриди бо пуррагӣ амалӣ гардидани ҳадафи мазкур иқтисодиёти кишвар рушд меёбад ва дар ин замина ҳазорҳо коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ бунёд ва ҷойҳои корӣ бо шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад.

Вобаста ба иҷрои қарорҳои болозикр оид ба амалӣ гардонидани Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 қарорҳои дахлдори раисони шаҳру ноҳияҳо ва нақша-чорабиниҳои бунёди коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ барои солҳои 2021-2025 ба тасвиб расида, дар ин замина корҳои муайяне анҷом дода шудаанд.

Тавре ки З. Файзуллозода дар маърӯзааш иброз дошт, соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилояти Хатлон нисбат ба соли 2019-ум 313,7 миллион сомонӣ ё худ 3,7 фоиз зиёд гардида, дар ин давра саноатчиёни вилоят ба маблағи 8 миллиарду 810 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Дар давоми 30 соли соҳибистиқлолии кишвар соҳаи саноати вилояти Хатлон бо суръат рушд ёфта, дар шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, номгӯи маҳсулоти саноатӣ сол ба сол зиёд шуда истодаанд.

Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, дар соли 1991 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 75 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият менамуданд, ки ин шумора дар соли 2020-ум ба 619 адад расонида шуда, дар ин давра беш аз 544 адад коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, ҳазорҳо ҷойҳои кории доимӣ таъсис ёфтанд.

Мавриди зикр аст, бо дастгирӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят корхонаҳои азими саноатӣ, соли 2020, аз қабили ҶДММ “Моҳир-семент”, “Хуаксин Ғаюр семент”, “Талко Кемикал”, “АТО”, “Хима текстил”-и ноҳияи Ёвон, ҶДММ “ Ҷжунтай — Данғара Син Силу Текстил”, “Муосир”, “БИО ТЕХ Саноат”,-и ноҳияи Данғара, ҶДММ “Бохтар инвест котон”-и ноҳияи Кӯшониён, ҶСП “Ҷжунгтай Хатлон Син Силу”-и ноҳияи Дӯстӣ, ҶДММ “Водии Заррин” дар ноҳияҳои Хуросон ва Ҷайҳун, ҶДММ “Элдорадо”, “Ресандаи Кӯлоб” ва “Суғдиён”-и шаҳри Кӯлоб, ҶДММ “Дуоб Р”-и ноҳияи Муъминобод, ҶДММ “Намаки Хоҷа Мумин” ва “ВОСЕЪ САНОАТ”-и ноҳияи Восеъ ва ғайра, инчунин таъсис ва бунёд ёфтани 3 минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла МОИ-и “Панҷ”, “Данғара” ва “Кӯлоб” дар самти рушди соҳаи саноати ҷумҳурӣ ва вилоят мусоидат намуда, истеҳсоли аксари маҳсулоти саноатии онҳо ба маҳсулоти воридивазкунанда нигаронида шуда, имкон пайдо гашт, ки содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар ба роҳ монда шавад.

Дар соли 2020 номгӯи маҳсулоти саноатӣ, дар вилоят ба 153 намуд расонида шуд, ки ин нишондод дар соли 2015-ум 92 намудро ташкил дода, 61 номгӯи маҳсулот зиёд гардид.

Дар 5 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ — 2,5 баробар ва теъдоди корхонаҳои нав — 8,3 баробар афзуда, дар давраи сипаришуда тавлиди якчанд намуди маҳсулоти нави саноатӣ (масолеҳи сохтмонӣ, нассоҷӣ ва хӯрокворӣ, аз қабили семент, қуму шағал, гач, хишти бинокорӣ, хишти сементӣ, хиштҳои роҳрав, оҳак, гаҷварақа, капсулаи зарфҳои обнушӣ, маҳсулотҳои фармасевтӣ, ҷӯробу пайпоқ, ресандагӣ, дӯхти либоси мактабӣ, коркарди шир, макарон, гӯшти мурғ, меваю сабзавот ва ғайра) ба роҳ монда шуд.

Боиси қайд аст, ки танҳо дар соли 2020 дар вилоят истеҳсоли 13 намуд маҳсулоти нав, аз қабили қанди сафед, сақич, қуттии картонӣ, докаи тиббӣ, ниқоби тиббӣ, маҳлул барои беҳдошти шахсӣ, сачоқчаҳои тиббӣ, матрас, рахти хоб, хокаи ҷомашӯӣ, хишти сафолии ороишӣ, шланги ПВХ ва дучарха ба роҳ монда шудаанд.

Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сохтмон ва бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои зарури амалӣ шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Танҳо дар соли 2020 дар вилоят аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша 91 адад корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, дар самти истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, ҷӯробу пайпоқ, гӯшти мурғ, истеҳсоли равған, маҳсулоти макаронӣ, қаннодӣ, коркарди меваю сабзавот, гиёҳои шифобахш, масолеҳи сохтмонӣ ва мебел бо назардошти 918 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Истеҳсоли маҳсулот аз ҷониби корхонаҳои саноатии вилоят, дар қиёс ба давраи солҳои пешин, аз ҷумла дар соҳаи саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё, мошинсозӣ масолеҳи сохтмонӣ мутаносибан аз 105 фоиз то 6 баробар зиёд таъмин гардиданд.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар сиёсати давлат, дар соҳаи саноати вилоят комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шудааст.

— Дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар солҳои 2021-2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 145 адад коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ бо дар назардошти 12543 нафар ҷойи корӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва вазорату кумитаҳо пешбинӣ гардидааст, — идома дод муовини раиси вилоят З. Файзуллозода. — Танҳо дар соли 2021 бунёд ва сохтмони 60 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси 958 ҷойи корӣ дар самти дӯзандагӣ, масолеҳи сохтмонӣ, гӯшти мурғ, равған, маҳсулоти ширӣ, консерва, қаннодӣ, либоси мактабӣ ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таваҷҷуҳи вакилон, раисони шаҳру навоҳии вилоят ва дигар масъулонро ба дастуру супориш ва эродҳои Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқоташон бо фаъолони вилояти Хатлон рӯзи 26 марти соли ҷорӣ баён гардида буданд, ҷалб намуд. Таъкид шуд, ки қариб аз се ду ҳиссаи корхонаҳои истеҳсолии фаъоли вилоят корхонаҳои агросаноатӣ мебошанд. Зимни тадбирандешӣ, аз ҷумла азхудкунии заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо имконияти зиёд намудани маҳсулоти саноатии кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мардум беҳтар хоҳад шуд.

Раиси вилоят қайд намуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ ва ҳалли воқеии масъалаҳо дастгирии моддию техникии фаъолияти соҳибкорӣ аз ҳисоби имтиёзнок дастрас намудани таҷҳизот, таъмини иншооти истеҳсолӣ ва технологӣ, ташаккули инфрасохтори дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, тавассути таъсиси мақоми дастгирии дорои ваколатҳои зарурӣ дар ҳар як ҷамоат, ҳавасмандгардонии воқеии соҳибкорони ташкилкунандаи ҷойҳои кории нав ҳатмӣ мебошад.

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №809, қарори раисони шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Левакант барои рушди соҳаи саноат, бунёди корхона ва коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб майдони 6,9 га, шаҳри Бохтар — 7 га ва Левакант — 982 га замин ҷудо гардида, дар ин замина минтақаҳои саноатӣ таъсис ёфтанд ва корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд.

Дар минтақаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб ба 11 нафар ва шаҳри Бохтар ба 12 нафар соҳибкор барои бунёд ва сохтмони корхона ва коргоҳҳои саноатӣ дода шуда, айни замон 4 адади он дар самти истеҳсоли плитаҳои бетонӣ, шифер, маҳсулоти макаронӣ, кекс, сақич ва дучархабарорӣ дар шаҳри Бохтар ба фаъолият оғоз намуданд.

Дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант 12 корхона, аз ҷумла ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Сементи рушди Хатлон» истеҳсоли семент ва хишти пухта, «Роҳи дурахшони Сарбанд», «Сафарӣ», «ИМОБ», «Имкон» сангреза ва қум, «Гранит П» сангҳои ороишӣ, «Рамзи Ваҳдат» хишти пухта ва «Холмуроди Қодир», «Муҳамад Юсуф» хишти сементӣ истеҳсол менамоянд. ҶДММ «Нури рушд», «Беҳзод», «Аҳмадшоҳи Р.» ба истеҳсоли хишти пухта машғул мебошанд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бакордарории корхонаҳои аз фаъолиятбозмонда дар сатҳи вилоят тадбирҳои мушаххас андешида шуд. Дар натиҷа соли 2020 9 корхонаи аз фаъолиятбозмонда, аз сари нав ба кор шурӯъ намуданд ва соли 2020 дар маҷмӯъ ба маблағи 15,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд намуд, ки бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин намудани аҳолии мамлакат яке аз масъалаи муҳими ҳалталаб мебошад. Айни замон дар вилояти Хатлон дар умум дар соҳаи саноат 16 ҳазору 900 нафар бо ибораи дигар ҳамагӣ 2,1 фоизи захираи меҳнатии вилоят ба кор ҷалб шудаанд, ки нокифоя арзёбӣ мешавад.

Бинобар ин, раиси вилоят таваҷҷуҳи роҳбарон, масъулин, соҳибмулкон ва мутахассисонро ба рушди соҳа равона карда, ба омӯзиши мукаммали вазъи воқеии соҳа ва корхонаҳо таъкид намуд.

Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят инчунин ҳисоботи сардори Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории вилоят оид ба кору фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва зотпарварӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шунида шуд.

Қайд гардид, ки яке аз ҳадафҳои асосии стратегии кишар ин таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад. Аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ афзалият додан ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, коҳиши вобастагӣ аз маводи ғизоии воридотӣ, такмили ислоҳоти соҳа, таъмини механизмҳои рақобатпазирии ширкатҳову хоҷагиҳо ва дар ин замина ба 70-80 фоиз расонидани ҳиссаи маҳсулоти кишоварзии ватанӣ дар бозори дохилӣ мебошад.

Дар 7 соли охир бо мақсади амалӣ гардонидани ҳадафи стратегии кишвар оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят беш аз 35 фоиз зиёд ва суръати рушди солонаи он ба ҳисоби миёна 5 фоизро ташкил медиҳад.

Фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварии вилоят ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №611 «Дар бораи минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №438 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар самти истеҳсоли тухмӣ ва таъмини хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Ҷиҳати рушди соҳаи тухмипарварӣ дар вилояти Хатлон, Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ барои солҳои 2016-2020 бо қарори раиси вилоят аз 15 декабри соли 2016, № 253 амалӣ гардид.

Бояд қайд намуд, ки то соли 2019 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №312 «Дар бораи минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии зироатҳои кишварзӣ» дар вилоят ҳамагӣ 28 адад хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ фаъолият мекарданд ва тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, № 611 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009, №413» ба шабакаи хоҷагиҳои тухмипарварии вилоят боз 14 адад хоҷагиҳо ворид гардиданд, ки ҷамъ 42 ададро ташкил медиҳад. Хоҷагиҳои тухмипарварии вилоят 27 адад ба истеҳсоли пахта, 9 адад пахта ва ғалладона, 3 адад ба истеҳсоли ғалладона ва 1 адад ба истеҳсоли тухмиҳои сабзавотӣ, 1 адад ба истеҳсоли тухми юнучқа махсус гардонида шудааст. Хоҷагиҳои номбурда дорои 21 ҳазору 367 гектар заминҳои корам, аз ҷумла 17 ҳазору 382 гектараш заминҳои корами обӣ мебошанд.

Таҳлили фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ нишон медиҳад, ки вазъи имрӯзаи онҳо ба талаботи истеҳсолӣ ҷавобгӯ набуда, талаботи хоҷагиҳои вилоятро бо тухмиҳои хушсифат пурра таъмин карда наметавонад.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади тақвият бахшидан ба фаъолияти хоҷагиҳои зотпарварӣ ва тухмипарварӣ, таъмини хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо тухмии хушсифат ва чорвои зотӣ дастур дод, ки фаъолияти муассисаҳои зотпарварӣ, хушзоткуниӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотии минтақаи Бохтар ва Кӯлоб зери назорати доимӣ қарор дода шавад.

Инчунин дар хоҷагиҳои тухмипарварӣ дар майдонҳои кишти зироатҳои кишоварзӣ, ки барои истеҳсоли тухмӣ нигаронида шудаанд, коркарди иловагии агротехникӣ, аз қабили озуқадиҳӣ ва коркарди байни қаторҳо ба роҳ монда шавад.

Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят инчунин ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба одоби вакилон М. Зоирзода шунида шуда, вакилон дигар масъалаҳои ҷориро низ баррасӣ намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қайд намуд, ки дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 марти соли ҷорӣ зимни суханрониашон дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон баён гардиданд, дар вилоят роҳнамои баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон маҳсуб ёфта, ҷиҳати иҷрои масъалаҳои гузошташуда раисони шаҳру ноҳияҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, фаъолон, вакилони мардумӣ бояд бо истифода аз тамоми имкониятҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.