Паёми табрикии Раиси вилояти Хатлон
ба муносибати Рӯзи модар
Модарону хоҳарони азиз!
Фарорасии Рӯзи модарро ба кулли модарону бонувони Хатлонзамин, ки дар домони сабзи худ фарзандони бонангу номуси миллатро ба воя расонидаанд, бо самимияти хос муборакбод гуфта, бароятон сарфарозиву сарбаландӣ, саломатии бардавом ва рӯзгори босаодатро таманно дорам.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар Тоҷикистон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди бонувону модарони азиз дар ҷомеаи мо мебошад.
Ҷойи шакку шубҳа нест, ки модар офарандаи ҳаёт, тимсоли беҳамтову ҷовидонаи муҳаббат ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ ибтидо меёбад. Зан-модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст.
Бузургии зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ аст.
Занону модарони бонангу номуси мо дар таҳкими давлат, истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд. Дар ҷараёни ниҳоят ҳассоси баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз матонату қавиазмии занон низ нақши шоиста дошт. Метавон бо ифтихор дар ин маврид аз корнамоию хизматҳои ватандоронаи занону бонувони фаъоли Хатлонзамин, ки аксаран ходимони ҷамъиятию сиёсӣ, Каҳрамони меҳнати сотсиалистӣ ҳисоб меёфтанд, ба монанди Низорамоҳ Зарипова, Адолат Раҳмонова, Гавҳарбӣ Пиракова, Саодат Амиршоева, Муҳаббат Азизова, Қимматгул Рустамова ва даҳҳо нафари дигар бо ифтихор ёд овард. Рӯзгори ин бонувони ватандору ватансоз мояи ибрати ҳар як бонуи тоҷик маҳсуб меёбад.
Ҳамин неруву ҷасорати занонро ба инобат гирифта, бо мақсади тавсеаи ҳарчи бештари нуфузи онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармони таърихии худро «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расониданд, ки барои боз ҳам фаъолтар шудани нақши занон заминаи боэътимод фароҳам овард.
Қабул гаштани фармони мазкур такони бузург дар самти тақвияти сиёсати гендерӣ дар кишвар гардида, роҳро дар масири сиёсату роҳбарӣ барои занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа кушоду фарох гардонид. Ҳамин аст, ки имрӯз аз шумораи 196 ҳазору 858 нафар занҳои коргари вилояти Хатлон 9833 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд.
Аз 3002 воҳиди кории хизматчиёни давлатии амалкунанда дар 463 воҳиди корӣ занон кору фаъолият доранд, ки аз ин шумора 203 нафар (21%) занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ айни замон фаъолияти босамар доранд.
Зиёда аз 50%-и шумораи умумии омӯзгорон ва 72,6%-и кормандони соҳаи тандурустии вилоятро бонувон ташкил медиҳанд. Рушди ин ду соҳаи муҳимми иҷтимоиро бе иштироки бонувони меҳнатқарини мо тасаввур кардан имконпазир нест.
Воқеияти имрӯза нишон медиҳад, ки даҳҳо нафар занони боиродаи мо ба ҳайси аъзои Ҳукумат ва парламент, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони шаҳру ноҳия ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият намуда истодаанд, ки ёдоварӣ аз кори пурмаҳсули онҳо боиси ифтихору сарбаландии ҳамаи мост.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати тавсеа бахшидани мавқеи занон дар ҷомеа пайваста чораандешӣ менамояд ва мушкилиҳои дар ин самт ҷойдоштаро сари вақт баррасӣ намуда, оид ба ҳалли онҳо тадбирҳои амалӣ меандешад.
Дар ҳақиқат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сиёсати одилонаву оқилона ва муваффақашон нисбат ба мавқеи зан-модар таваҷҷуҳи хосса ва некбинона доранд. Аз ин ҷост, ки имрӯз бонувони тоҷик сиёсатмадор, табиб, муҳандис, олими варзишгар, роҳбар, омӯзгор аст.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таъкид медоранд, “меҳру муҳаббати занони тоҷик аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, бо тору пуди ҷашни бузурги миллиамон — Наврӯз омезиш ёфта, ба гулҳои ҳамешабаҳори Тоҷикистон мубаддал ёфтаанд. Зеро зан ва гул ҷаҳонро зебоӣ мебахшанд. Воқеан, тавъам омадани ин ду ҷашн — Рӯзи модар ва Наврӯзи оламафрӯз дар диёри мо худ рамзи баҳори шукуфони сарзамини аҷдодиамон мебошад. Зеро зан-модар худ гул ва баҳори зиндагии башар аст.
Итминон дорам, ки модарону бонувони арҷманди тоҷик дар ин соли таърихӣ – 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо азми дучанд суннати ободгариву покизарӯзгорӣ, тарбияи шоистаи фарзандонро идомаи нек бахшида, дар амри ободии Ватани азизамон, оромиву суботи ҷомеаи кишвар ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон нақши пурарзиш мегузоранд.
Бо ҳамин нияту орзуҳои нек ҳамаи шумо, модарону бонувони гиромиро ба муносибати ҷашни фархундаатон самимона табрику таҳният гуфта, ба шумову аҳли хонаводаатон бахту саодат, ободиву осоиш ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям.
Ҷашн муборак бошад, модарон ва бонувони азиз!