Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

НОВОБАСТА БА ТАЪСИРИ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ “КОВИД-19” РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАЪМИН ГАРДИД

Рӯзи 25 декабр, дар шаҳри Бохтар иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум баргузор гардид.

Ҳисоботи раиси вилояти Хатлон дар соли 2020, иҷрои буҷети вилояти Хатлон дар соли 2019 ва тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2021, тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2021, ҳисоботи раиси Комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ “Доир ба қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 30 сентябри соли 2020, №71 “Дар бораи рафти иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 23 июни соли 2020, №38 “Рафти амалишавии қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 январи соли 2012, №15 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, №557 «Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷумлаи масъалаҳои иҷлосияи мазкур буданд.

Раиси маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз рӯйи масъалаи якуми иҷлосия баромад карда, қайд намуд, ки соли сипаришаванда дар вилоят барои таъмини чор ҳадафи стратегии кишвар, ки ба таъмини рушди устувори иқтисодиёт, пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ вобаста ба таъсири омилҳои беруна, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, таъсиси коргоҳҳои нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, афзоиши содироти молу маҳсулоти гуногун, рушди соҳаи комплекси агросаноатӣ, коммуникатсионӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, ҳунарҳои мардумӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии соҳаҳои иҷтимоиёт, сайёҳӣ, вусъатбахшӣ ба корҳои ободонию созандагӣ, ки аз рӯйи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, тадбирҳои мушаххас андешида, ҳамчун самтҳои афзалиятдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дода шуданд.

Қайд гардид, ки дар давраи ҳисобот (ёздаҳ моҳи соли 2020) иҷрои нақшаи андоз (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 102,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1 миллиарду 132,6 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 24,7 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 65,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ пурра маблағгузорӣ гардида, қарзи музди меҳнат дар давраи ҳисоботӣ вуҷуд надорад.

Дар моҳҳои январ — ноябри соли ҷорӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳамагӣ 540,7 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид.

Дар соли 2020 барои беҳтар намудани таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои аввалиндараҷа, рушди бозори истеъмолӣ, пешгирии болоравии нархи молу маҳсулот, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Ҳаҷми гардиши мол дар соҳаи савдо 6,1 миллиард сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта бештар ва хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ ба 1,8 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 1,7 фоиз коҳиш ёфтааст.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли равон ба 276,4 миллион доллар, аз ҷумла воридот 147,5 миллион доллар ва содирот ба 128,9 миллион доллар баробар шуд.

Тавре ки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд намуд, новобаста ба таъсири паҳншавии бемории “COVID 19”содироти 6 намуди молу маҳсулот нисбати ҳамин давраи соли2019 афзоиш ёфт.

Ҳамзамон, воридоти намудҳои маҳсулоте, ки имконияти истеҳсолашон дар дохили вилоят бештар гардид, аз ҷумла, воридоти гандум, биринҷ ва гӯшти мурғ нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст.

Барои сол ба сол тадриҷан зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда шуда, дар давраи ҳисоботӣ ба хориҷӣ кишвар 106,8 ҳазор тонна ба маблағи 11,4 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, 89,4 ҳазор тонна ба маблағи 8,9 миллион доллар ба хориҷи кишвар танҳо пиёз содирот карда шуд. Боиси қайд аст, ки дар таъмини дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷӣ кишвар саҳми кишоварзон ва соҳибкорони ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритуз, Кӯшониён, Вахш, Дӯстӣ ва Қубодиён хеле назаррас мебошад.

Бо назардошти он, ки соли 2020 муҳлати иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Левакант, Балҷувон, Кӯшониён, Вахш, Восеъ, Данғара, Дӯстӣ, Ёвон, Қубодиён, Муъминобод, Панҷ, Темурмалик, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Хуросон, Шаҳритуз, Шамсиддин Шоҳин ва вилоят ба охир мерасад, ҷиҳати таҳияи барномаҳои нав тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд кард, ки барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Хуросон, Ёвон, Қубодиён ва Носири Хусрав бо вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ мувофиқа гардида, барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи маҳал пешниҳод мегардад.

Инчунин, дар ҳамкорӣ бо мутахассисон барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Левакант, Норак, Восеъ, Ҷ.Балхӣ, Балҷувон ва Ховалинг барои солҳои 2021-2025 таҳия гардида, барои омӯзиш ба вазорату идораҳо пешниҳод карда шудааст.

Дар маҷмӯъ, таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии 11 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, омодасозии барномаҳои ноҳияҳои Ш.Шоҳин, Кӯшониён, Данғара, Вахш, Панҷ, Шаҳритуз, Муъминобод, Фархор, Темурмалик, Дӯстӣ, А.Ҷомӣ, Шаҳритус ва Ҷайҳун дар арафаи анҷомёбист.

Ба қавли раиси вилоят, таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони вилоят аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ музди миёнаи меҳнат дар вилоят 1028,44 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ 29,94 сомонӣ зиёд мебошад.

Нишондиҳандаи нисбатан баланди музди меҳнат дар шаҳру ноҳияҳои Норак 1843,74 сомонӣ, Данғара 1433,37 сомонӣ, Ховалинг1344,17 сомонӣ, Бохтар 1267,49 сомонӣ ва Темурмалик 1102,05 сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Омили асосии таъсиррасонанда ба сатҳи музди маош дар ин шаҳру ноҳияҳо рушди босуръати соҳаҳои хизматрасонӣ ва саноат маҳсуб меёбад.

Мувофиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар даври ҳисоботӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта 342 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд. Дар ин ярмаркаҳо 2663 корхонаю ташкилот иштирок намуда, 4276 нафар корҷӯёнва бекорон бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин гашта, 1879 нафар ба касбомӯзӣ ва 374 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд.

Дар иҷлосия ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 15,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш 8,8 фоизро ташкил дода, ин нишондод ба соҳаи растанипарварӣ 9,1 фоиз ва ба соҳаи чорводорӣ 7,8 фоиз рост меояд.

Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 426,3 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4481 гектар зиёд мебошад.

Дар ҳисоботи худ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода инчунин оид ба дастовардҳо ва мушкилот дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ибрози назар намуд. Қайд гардид, ки ин пешравиҳо бо саъю кӯшиши ҳар як сокини вилоят, аз ҷумла вакилон, кишоварзону коргарон, мутахассисону муҳандисон, омӯзгорону табибон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва роҳбарону масъулони тамоми сохторҳои мақомоти иҷроия рӯйи даст омадаанд, ки аз иродаи қавӣ, заҳматпешагӣ ва ҳисси баланди ватандӯстона доштани онҳо ба Тоҷикистони муқаддасу маҳбубамон дарак медиҳанд.

— Вазифаи муҳимтарини вакилони мардумӣ, роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, минтақавӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот фаъолони вилоят аз он иборат аст, ки минбаъд низ саъю кӯшиши худро, дар навбати аввал, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта дар маҳалҳо сафарбар созанд, — иброз намуд раиси вилоят.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни натиҷагирӣ аз соли 2020 қайд намуд, ки татбиқи чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, аз ҷумла интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, интихоботи Президент ва маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бо муҳимтарин паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, пешгирии ҳамагуна таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла “вабои аср — коронавирус”, ҳамчунин доир ба самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, ташкили захираи дусолаи озуқаворӣ аз ҷониби ҳар як оилаи кишвар, қабули Муроҷиатномаи ҷомеаи шаҳрвандии вилоят ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони вилоят ва коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуд.

Дар баробари баррасии масъалаҳои дигари рӯзномаи иҷлосия, вакилони мардумӣ инчунин “Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаҳои интихоботии А.Ҷомӣ №64 , Норак №10 ва таъин намудани интихобот” ва “Дар бораи ташкили Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии А.Ҷомӣ №64 ва Норак №10” қарори дахлдор қабул намуданд.