Ҳамасола 22 декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи энергетикаи кишвар таҷлил карда мешавад.
Энергетика дар ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятноки мамлакат пазируфта шуда, таҳти таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба пешрафту тараққиёти назаррас ноил гашт ва имрӯз он дар ҳоли рушд қарор дорад.
Бояд ёдовар шуд, ки шурӯъ аз соли 1936 ба муносибати яке аз рӯйдодҳои муҳими ҳамонвақта, баистифодадиҳии нахустин нерӯгоҳи барқии обии кишвар НБО «Варзоби боло», таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи энергетика ба ҳукми анъана даромад, ки боиси қадршиносии хизматҳои кормандони соҳа гардидааст.
Барои саҳми арзанда гузоштани кормандони соҳа, дар рушду нумӯи мамлакат, таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон пеш аз ҳама ба ҳар яки Шумо барқчиён миннатдории хешро баён намуда, барори кору орзуҳои нек, тансиҳатию хонаободӣ ва сарфарозиро таманно дорам.
Таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ба ҳисоб рафта, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ баҳри рушду пешрафти соҳа тадбирҳои ҳадафманд амалӣ гардида истодааст.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷамъомад бахшида ба оғози сохтмони сарбанди иншооти аср — Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» иброз доштанд: «Захираҳои гидроэнергетикии кишварамон хеле бузург буда, онҳо бойигарии миллии мо маҳсуб меёбанд, ки истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар ба маротиб афзун гардонад».
Бунёди иншооти аср – НБО “Роғун” ба таъмини пурраи кишвар бо нерӯи барқ ва содироти бақияи он ба хориҷи мамлакат маҳдуд нашуда, дар ин миён пайдоиши ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, зиёд шудани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, рушди ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ аз зумраи афзалиятҳоеанд, ки Тоҷикистонро ба нерӯи бузурги иқтисодии минтақа табдил медиҳад ва барои таъмини ҳадафи чоруми миллӣ: — “Саноатикунонии босуръати кишвар” мусоидат хоҳад кард.
Бо қабул гардидани “Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар давоми солҳои 2009 — 2020”, ки ба раванди ислоҳоти энергетикӣ дар мамлакат вусъати тоза бахшид, идомаи мантиқии сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат дар самти рушди энергетикаи кишвар мебошад.
Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои об ва дигар манбаҳои энергетикӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, барои дар оянда рушд додани ин самти ҳаётан муҳим имкониятҳо ва захираҳо хеле зиёданд.
Бо иродаи қавӣ, роҳнамоии Пешвои муаззами миллат ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони соҳаи энергетикаи кишвар сокинон аз мукшилоти норасоии нерӯи барқ раҳоӣ ёфта, дар ҳама фасли сол бо барқи худӣ таъмин гардида истодаанд.
Дар ҳақиқат нерӯи барқи Тоҷикистон, ки аз тавоноии нерӯгоҳҳои обии аз ҷиҳати экологӣ бехатар ва ба табиат безарар, бисёр муфиду арзон арзёбӣ мешавад, дар пешрафти некӯаҳволии мардум мавқеи босазо дошта, бо андешидани тадбирҳо тавлидоти нерӯгоҳҳои барқӣ ва истеҳсоли миёнасолонаи онҳо рӯ ба афзоиш дорад.
Қобили қайд аст, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда — 1» ва «Сангтӯда -Сангоб», ду агрегати Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва таҷдиду тармими як қатор иншоотҳои бузурги энергетикии дорои аҳамияти стратегӣ барои расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар мусоидат намуд.
Айни замон, НБО “Роғун” майдони корнамоиҳои бузурги асри XXI буда, мутобиқи нақша он яке аз нерӯгоҳҳои калонтарин ва нодиртарин дар Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, бунёди он ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ мебошад.
Пешвои миллат НБО “Роғун”-ро масъалаи ҳаёту мамот дониста, аз ҷумла таъкид доштанд, ки “Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад”.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи гидроэнергетика ва бунёди иқтидорҳои нав дар даврони истиқлолият дар самти некӯаҳолии мардуми кишвар ва таҳкими мавқеи давлати соҳибистиқлоламон, на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ самараҳои нек ба бор оварда истодааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар самти рушди соҳаи энергетикаи вилоят, дастгирии босуръати кори кормандон, ҷалби мутахассисони ихтисосмандро баҳри пешрафти босуботи соҳа зери назорат қарор дода, тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Ҳамасола дар фасли сармо ташвиши кормандони соҳаи энергетика зиёд мегардад. Соли равон бори аввал мушкилоти норасоии об дар обанборҳо ба мушоҳида расид, ки ин масъала аз шаҳрвандон масъулияти сарфакорона ва ба маврид истифодабарии нерӯи барқро талаб менамояд.
Бо мақсади бемамоният гузаронидани фасли сармо ва бартараф намудани мушкилоти рӯз санаи 15 декабри соли равон таҳти раёсати Пешвои муаззами миллат дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид, ки таъминоти нерӯи барқ ба аҳолӣ ва сарфаю саришта намудани он аз масъалаҳои асосии ҷаласа буд, ки мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.
Имрӯзҳо тамоми кормандони мақомотҳои дахлдор ва сокинони кишвар, аз ҷумла кормандони соҳаи энергетикаи мамлакат тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июли соли 2020 бобати истифодаи оқилонаву сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии нерӯи барқ, дар ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ (сарфи назар аз шакли моликият), сари вақт пардохт намудани маблағи нерӯи барқи истифодашуда ва қарзи солҳои пешин, роҳ надодан ба талафот ва ба зиёдшавии қарзи маблағи нерӯи барқ, бо пуррагӣ таъмин намудани муштариён бо ҳисобкунакҳои барқӣ, инчунин дар самти беҳтар гузаронидани мавсими зимистони дарпешистода корҳоро вусъат бахшида, ҷиҳати гузаштан ба дигар намуди алтернативии сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт, брикет, ҳезум, гази моеъ ва кам кардани талафоти нерӯи барқ таввасути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф тадбирҳои мушаххас андешида истодаанд.
Вобаста ба ин, ҳар яки моро водор месозад, ки вазъятро дуруст дарк карда, ҷиҳати оқилонаву сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии нерӯи барқ корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни кормандон ва аҳолӣ ба роҳ монда, бо ин мақсад обанбори нерӯгоҳҳоро пур ва мушкилоти зимистони дарпешистодаро пешгирӣ намоем.
Имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат бобати таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст, то ки сокинони кишвар дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода азият накашанд.
Бо дарназардошти он, ки рушду нумӯи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар ба фаъолияти босуботи соҳаи энергетика вобастагӣ дорад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини ҳадафи стратегии давлат — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ орзуҳои деринаи халқу миллати тоҷик ва тоҷикистониёнро амалӣ намуда истодаанд.
Итминонам комил аст, ки сокинони баору номус, ватандӯст ва сарфарози вилояти Хатлон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарфаву сариштакорӣ дар ин самт саҳми муносиби худро мегузоранд.
Барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – таъмин намудани истиқлолияти энергетикии кишвар ба Шумо, ки бо кори ҳамарӯзаатон дар татбиқи равандҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии ҷамъият саҳми назаррас мегузоред, бори дигар иди касбиатон — Рӯзи энергетикаи тоҷикро баҳратон самимона табрик гуфта, рӯзгори ободу осуда ва меҳнати пурсамарро дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз таманно менамоям.
Иди касбӣ муборак, энергетикҳои азиз!