Тавре ба ҳамаи Шумо маълум аст, муддати чандин соли охир тавассути ба истифода додани иншооти нави соҳаи энергетика мушкилиҳои мардум оид ба таъмини қувваи барқ осон гардида истодааст.
Дар давраҳои оғози истиқлолият солҳое буданд, ки сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳамагӣ ду соат барқ мегирифтанд, вале аз 14 январи соли 2017 мо маҳдудияти таъмини нерӯи барқро пурра бардоштем ва то имрӯз мардуми Тоҷикистон 24 соат бо нерӯи барқ таъмин мебошанд.
Гармшавии иқлим ва қариб 50 фоиз кам будани ҳаҷми боришоти барф, ки дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад, боиси он гардид, ки имрӯзҳо об дар маҷрои дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст.
Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам шудааст.
Дар кишвар 50 фоизи барқи истеҳсолшударо аҳолӣ истифода мебарад. Бо ҳамин мақсад Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мардуми кишвар муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки танҳо ба хотири захира кардани об дар обанбори Норак барои фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода, маҳдудияти интиқоли барқро, ки аз ҷониби ШСХК «Барқи Тоҷик» ҷорӣ карда мешавад, дуруст дарк намоянд.
Мо имрӯз ҳатто маҷбур шудем, ки новобаста аз шартномаҳои байнидавлатӣ, интиқоли барқро ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон қатъ намоем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки вазъятро дуруст фаҳманд ва ин ягона роҳест, ки метавонад моро дар фасли зимистон аз мушкилӣ раҳонад.
Бо дар назар доштани вазъияти баамаломада, ҳар як шаҳрванд, ҳар оила, тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ширкату корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият, бояд истифодаи сарфакоронаи барқро таъмин намоянд.
Мардуми мо хуб медонанд, ки фасли зимистон нисбат ба тобистон мушкилоту сахтиҳои худро дорад.
Яъне мо имрӯз метавонем бо истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ обанборро пур намоем ва мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистодаро пешгирӣ кунем.
Ҳукумати мамлакат ба маълумоти мардуми шарифи Тоҷикистон мерасонад, ки бобати таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст, то ки сокинони кишвар дар фасли тирамоҳу зимистон азият накашанд.
Нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июли соли 2020