Санаи 01.12.2020 сол дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Сафарзода С.Х. бо Сафири фавқулодда ва мухтори Украина дар Тоҷикистон Сервантюк Василий вохӯри доир намуданд. Дар вохӯри директори кулли Палата, оиди фаъолияти Палатаи савдо ва саноати вилоят ва имкониятҳои иқтисодию сармоягузории вилоят маълумотҳои муффасал пешниҳод намуда, оиди рушди ҳамкориҳо байни ширкату соҳибкорони вилояти Хатлон ва соҳибкорони Украина қайд карда гузаштанд. Дар вохўри Сафири фавқулодда ва мухтори Украина дар Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина гуфта гузашта, андешаҳои худро оиди рушди ҳамкориҳои соҳибкорони ду Ҷумҳури пешниҳод намуданд. Дар вохўри аъзоёни Палата роҳбари Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Хатлон Ализода Зафар, муовини директори ҶСП «Рушди Хатлон» Қосимзода Тагоймурод, директори ҶДММ «Сомон Фарм» Раҳматов Шерали, директори ҶДММ «Зуҳурбек» Ахмедов Илҳом ширкат варзида, дархосту пешниҳодҳои худро бо мақсади рушди ҳамкориҳо бо ширкату соҳибкорони Украина сафир баён намуданд.