Рӯзи 17.10.2020с. дар шаҳри Бохтар ба муносибати ҷашни Меҳргон чорабинии тантанавӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, шолӣ, биринҷ ва озмуни “Оши палов” баргузор гардид.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҳайати ҳамроҳаш аз намоиши техникаи кишоварзӣ, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, маҳсулоти нонӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ, маҳорати ошпазҳо дидан намуданд.
Раиси вилоят ҳамчунин ба ғолибони озмуни “Сабзирезакуни беҳтарин”, “Ошпази беҳтарин” ва “Ошхӯри беҳтарин” ҳадяҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим намуд.
Пасон, Қурбон Ҳакимзода дар ҷамъи ҳозирин суханронӣ карда, аҳли заҳмат, кишоварзону кормандони соҳаро бо Иди Меҳргон табрику таҳният гуфт. Аз ҷумла қайд гардид, ки таҷлили ҷашни Меҳргон дар маркази вилояти Хатлон бо иштироки аҳли заҳмат ва табақаҳои гуногуни ҷомеа нишонаи қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба меҳнати диловарони саҳро мебошад.
Тавре Пешвои муаззами миллат иброз медоранд: “Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст”.
Дар воқеъ, Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.
Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки нақши барзгарони вилояти Хатлон дар беҳдошти зиндагии мардум назаррас мебошад, зеро деҳқонони асили Хатлонзамин дар саҳро аҳлона меҳнат намуда, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти аълосифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза саҳми муносиб гузошта истодаанд.
Кишоварзони қавииродаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар заминаи таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат соли равон бо истифода аз имконияту шароитҳои мавҷуда заминро мақсаднок истифода бурда, ҳосили фаровон ба даст оварда истодаанд.
Тибқи омори расмӣ, то ба 1 октябри соли равон кишоварзон дар майдони 426 ҳазору 318 гектар зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 188 ҳазору 273 гектар ғалладонагиҳо, 135323 гектар зироатҳои техникӣ, аз ҷумла 124175 гектар пахта, 36525 гектар сабзавот, полезӣ 15455 ва 400361 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4481 гектар зиёд мебошад.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ бо истифода аз тухмиҳои серҳосил дар нуҳ моҳи соли 2020 истеҳсоли ғалладона ба 824078 тонна, сабзавот ба 1235906 тонна, полезӣ ба 531641 тонна, меваҷот ва ангур ба 261933 тонна расонида шуд, ки суръати афзоиш аз 101,6 то 110,6 фоизро ташкил медиҳад.
Тазаккур бояд дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1218 гектар боғу токзорҳои нав, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ 891 гектар боғ бунёд гардида, иҷрои нишондиҳандаи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ 101,2 фоиз таъмин гардид. Инчунин дар ин давра 235 гектар боғҳо ва 67 гектар токзорҳо барқарор карда шуданд. Майдони умумии боғҳои интенсивӣ, ки асоси зиёд намудани истеҳсоли меваҷотро ташкил медиҳад, дар ин давра ба 366 гектар расонида шуд.
Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар мавсими кишти солҳои 2019-2020 дар майдони 39,6 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда ва 714 гектар гармхонаҳои мавсимӣ фаъолият намуда, аз ҳисоби гармхонаҳо 20798 тонна маҳсулоти кишоварзии барвақтӣ, хусусан помидор, бодиринг ва дигар сабзавотҳо истеҳсол гардида, дар бозорҳои дохили кишвар ба фурӯш бароварда шуд, ки ҷиҳати ба танзим даровардани нарх дар бозори истеъмолӣ мусоидат намуд.
Раиси вилоят махсусан саҳми кишоварзонро дар давраи пандемияи сирояти нави коронавирус шоёни таҳсину офаринҳо хонда, қайд намуд, ки онҳо дар ин давраи вазнин бомасъулиятона ва садоқатмандона ба кишту корӣ саҳро вусъат бахшида, нагузоштанд, ки мушкилии норасоии маҳсулоти озуқаворӣ ё болоравии нархи он ба миён ояд.
Умуман аз Меҳргон то Меҳргон дастовардҳои соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон беҳтару бештар гардида, дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон дар ин ҷашн аҳли заҳмат ҳосили ҷамъовардаашонро ба намоиш мегузоранд.
Мардум дар ин рӯз бо ҳам омада, дар васфи Меҳргон таронаҳо месароянд ва аз дастовардҳои меҳнатии ҳамдигар воқиф мегарданд.
— Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон бо шукӯҳу тантана таҷлил намудани он ба ҳукми анъана даромадааст, — идома дод раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. — Зери вожаи Меҳргони тоҷикон, ки имрӯз шуҳрати ҷаҳонӣ дарёфтааст, мо маънои меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат ва шодию нишотро эҳсос менамоем.
Пас аз ҷамъбасти қисмати фарҳангии чорабинӣ маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни “Беҳтарин намоиши ҷашнӣ” — Кӯшониён (ҷойи якум), Данғара (ҷойи дуюм), Фархор (ҷойи сеюм), “Намоиши шолӣ ва биринҷ” – Қубодиён (ҷойи якум), Ҷайҳун (ҷойи дуюм), Хуросон (ҷойи сеюм), озмуни “Оши палов” – Ёвон (ҷойи якум), Кӯлоб (ҷойи дуюм), Ҷалолиддини Балхӣ (ҷойи сеюм) баргузор гардид.
Дар интиҳо раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳозирин ва кулли сокинони заҳматпешаи вилояти Хатлонро бо фарорасии ҷашни Меҳргон муборакбод гуфта, баонҳо рӯзгори босаодат, файзу баракат дар зиндагӣ ва пирӯзию комгорӣ таманно намуд.