Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗИИ 11 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРД ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Имрӯз, 7 октябр, маросими ифтитоҳи 11 километрроҳи азнавсозишудаи мавзеи Зағертут дар шаҳри Левакант бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода баргузор гардид.

Таҷдиду азнавсозии роҳи автомобилгарди деҳаи Зағертути Ҷамоати деҳоти “Ваҳдат”, ки зиёда аз 11 километр дарозӣ дорад, бо ибтикор ва эҳтимоми соҳибкори ватанӣ М. Шарифзода пурра ба анҷом расид.

Сохтмони роҳ 1 июли соли 2020 оғоз гардида, октябри соли ҷорӣ ба анҷом расид.

Тавре ки дар маросими ифтитоҳ қайд гардид, дар бунёди роҳ соҳибкор 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ хароsот намудааст.

Дар бунёди роҳ 7 адад техникаи муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант сафарбар гардида, 5 қубур ва 1 пул азнавсозӣ гардид. Ба дарозои тамоми масофаи 11 км роҳи мумфаршгардида хатҳои уфуқӣ кашида шуд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкори ватанӣ барои ташаббуси ватандӯстона ва анҷоми кори хайр аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон изҳори сипос намуд. Қайд гардид, ки чунин иқдомҳо дар зеҳну шуури наврасону ҷавонон эҳсоси ободгароӣ, созандагӣ ва ватанрапастиро тақвият медиҳад ва намунаи хуби пайравӣ мебошад.

— Имрӯзҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони сарбаланди шаҳри Левакант дар маҳалҳои худ корҳои ободонию созандагиро вусъат бахшида истодаанд, — зикр намуд Қурбон Ҳакимзода. – Масалан, як гурӯҳ сокинони деҳаи Хуррамдеҳ низ бо ҷалби маблағҳои худӣ ва саҳми соҳибкорон тасмим гирифтанд, ки роҳи дохилидеҳавиро ба масофаи 4 км таъмиру мумфарш намоянд.

Айни замон аз тарафи сокинон ба таври дастаҷамъӣ қисмати зиёди ин роҳ мумфарш карда шудааст. Маблағгузорӣ тариқи ҳашар ва саҳми ҳар як сокини маҳал, муҳоҷирони меҳнатӣ аз Федератсияи Россия ба роҳ монда шуда, бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳар як сокини маҳал саҳми худро гузоштааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ҳамаи дастандаркорон, соҳибкорони шаҳри Левакант барои амалисозии иқдомҳои наҷиб миннатдорӣ баён намуда, дар иҷрои тамоми нақшаҳои неку созанда барор хост.