Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР ДУШАНБЕ

Рӯзи 15 сентябр, раиси вилояти Хатлон Қурбон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тоҷибоевро ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи давлатҳои дӯсту бародари Тоҷикистон ва Қазоқистон табодули назар карданд.

Қайд гардид, ки аз замони роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар равобити мутақобилан судманд дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию маданӣ устувор гардиданд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба унвони мисол зикр намуд, ки агар дар соли 2019 содироту воридоти молу маҳсулот миёни вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба қадри 4,3 миллион доллари ИМА сурат гирифта бошад, танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ ин рақам зиёда аз 5,7 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки гувоҳи рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ мебошад.

Аз Тоҷикистон ба кишвари дӯсти Қазоқистон асосан пахта, алюминий, маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи бофандагӣ содирот шуда, аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз ҳама гандум ва маҳсулоти ордӣ, инчунин маводи сӯзишворӣ ворид карда мешавад.

Дар ҷараёни мулоқот таъкид шуд, ки самтҳои афзалиятдори ҳамкориҳои иқтисодии ду мамлакат аз саноати истихроҷи маъдан, металлургияи ранга, сектори мошинасозӣ, комплекси агросаноатӣ, эренгетика, саноати сабук, нақлиёт ва коммуникатсия иборат аст.