Зимни боздиди раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз хоҷагии ёрирасони КВД Агентии таъминоти махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки ин хоҷагӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти “Ваҳдат”-и шаҳри Левакант 180 га замин, аз он ҷумла 140 га замини обӣ дорад.
Раиси вилоят аз ҷамъоварии ҳосили пиёз дар хоҷагии мазкур дидан намуда, бо деҳқонон доир ба аҳамияти истифодаи самарабахши замин суҳбат орост.
Зикр гардид, ки дар хоҷагӣ дар масоҳати 5,5 га пиёз, 2 га гармхонаи лимӯ, 1 га тарбуз, 12 га пахта, 1 га кишти такрории картошка, 40 га боғ ва дигар зироатҳои хӯроки чорво кишт шудааст. Дар хоҷагӣ 3600 сар чорвои майда парвариш ва нигоҳубин карда мешавад.
Раиси вилоят ҳамчунин аз рафти мумфаршкунии 13 км роҳи Левакант-мавзеи Зағертӣ, ки аз тарафи соҳибкорон амалӣ мешавад, дидан намуд.