Рўзи 3-юми августи соли равон тибќи накшаи тасдикнамудаи раиси вилояти Хатлон аз 30 июни соли 2020 чихати ичрои Амри Президенти Чумњурии Точикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 дар Палата нишасти матбуоти бо намояндагони воситахои ахбори омма баргузор гардид.
Дар нишасти мазкур намояндагони шабакаи ТВ «Синамо» ва «Хатлон», радиои «Хатлон», хабарнигорони хафтаномахои «Хатлон», «Дўстлик», «Новый Хатлон», «Фараж» чамъ 12 нафар тахти рохбарии сармутахасисони шўъбаи иттилоотию тахлилии дастгохи раиси вилояти Хатлон Миров Б., иштирок намуданд.
Директори кулли Палата дар огози нишасти матбуоти, аз хабарнигорон изхори миннатдори намуд, ки онхо зимни баргузории чорабинихое, ки аз тарафи Палата дар давоми соли 2020 ташкил карда шуда буданд, фаъолона иштирок намуданд ва аз рафти натичахои он дар телевизиону радио ва сахифахои рўзномахо маводхо чоп намуданд. Директори кулли Палата оиди натичахои чамъбасти фаъолияти Палата дар нимсолаи 1-уми соли 2020 ба хабарнигорон маълумот дода дар поёни нишаст ба саволхои онхо посух гуфта, изхор намуд, ки рохбарияти Палата омода аст дар хар як ваќту соати ба хабарнигорон мусоид мулоќот доир намояд.