Иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар расми ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32, воқеъ дар деҳаи Гулафшони Ҷамоати деҳоти «Оқсу»-и ноҳияи Данғара.
МТМУ №32 соли 1947 ҳамчун муассисаи таълимии 4-сола сохта шудааст.
Шумораи хоҷагиҳо имрӯз 242 адад ва шумораи аҳолии деҳа 1742 нафарро ташкил медиҳад. Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва шумораи хонандагон ба муассисаи таълимии миёнаи умумӣ табдил дода шудааст.
Бинои нави муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори саховатпеша Нозилов Раҷабалӣ сохта ба истифода дода шуд. Масоҳати умумии таҳҷои бино 0,37 гектарро ташкил медиҳад.
Муассиса аз як ошёна иборат буда, дорои 8 синфхона, ҳуҷраи кории директор ва хонаи муаллимон мебошад. Муассиса барои 144 нафар толибилм дар як баст пешбинӣ гардидааст.
Дар сохтмони муассиса 25 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкор Раҷабалӣ Нозилов Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ҷоизаи вилоятии «Ободгари Ватан»-ро дар вазъи тантанавӣ тақдим намуд.