Дар доираи корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва соли нави хониш 1-уми августи соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон, вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, ва раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон бинои 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода шуд.
Нахуст, бинои таълимӣ дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 деҳаи Гулафшони ҷамоати деҳоти Оқсу бо иштироки омӯзгорону хонандагон ва мардуми деҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Зими ифтитоҳи бинои муассисаи таълимии мазкур иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 соли 1947 ҳамчун муассисаи таълимии 4-сола сохта шудааст. Шумораи хоҷагиҳо имрӯз 242 ва шумораи аҳолии деҳа 1742 нафарро ташкил медиҳад. Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва шумораи хонандагон муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шудааст.
Бинои нави муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори саховатпеша Нозилов Раҷабалӣ сохта ба истифода дода шуд. Масоҳати умумии таҳҷои бино 0,37 гектарро ташкил медиҳад.
Муассиса аз як ошёна иборат буда, барои 144 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, дорои 8 синфхона, ҳуҷраи кории директор ва хонаи муаллимон мебошад. Инчунин, дар сохтмони муассиса 25 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Сипас, дар деҳаи Чаманистони ҷамоати Оқсуи ноҳияи Данғара муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №79 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иншооти мазкур аз бинои дуошёна иборат буда, дорои 10 синфхона, кабинети директор, хонаи омӯзгорон ва китобхона мебошад. Инчунин, дар ҳудуди муассисаи таълимии мазкур бинои технологӣ иборат аз се синфхона (синфхонаи қаннодӣ ва пухтупаз, синфхонаи дӯзандагӣ барои духтарон ва технологияи меҳнат барои писарон) сохта шудааст.
Зимни ифтитоҳи бинои муассисаи таълимӣ иттилоъ дода шуд, ки хонандагони ин деҳа то имрӯз бинобар сабаби надоштани муассисаи таълимӣ дар муассисаҳои таълимии №26 ва №66 таҳсил менамуданд. Масоҳати умумии замини муассиса 1,36 гектарро ташкил дода, шумораи омӯзгорон 15 нафар ва шумораи хонандагон 180 нафар мебошанд.
Инчунин, худи ҳамин рӯз, бинои таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58-и деҳаи Зулоли ҷамоати деҳоти ба номи И. Шарифови ноҳияи Данғара ба истифода дода шуд.
Зикр гардид, ки муассисаи мазкур соли 1989 сохта шуда, дар аввал муассисаи таълимии 4-сола ва минбаъд ба муассисаи таҳсилоти миёнаи асосӣ табдил дода шуд. Бо зиёд шудани шумораи аҳолии деҳа, ки 13000 нафарро ташкил медиҳад, соли 2014 мактаб ба зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ гузашт.
Бинои нави муассиса аз ҷониби соҳибкори саховатпеша Таваралиев Исмонқул сохта ба истифода дода шуд. Масоҳати умумии замини муассиса 1,8 га буда, масоҳати таҳҷои бино 0,18 гектар аст.
Муассиса аз бинои дуошёна иборат буда, барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, дорои 10 синфхонаи таълимӣ, кабинети директор, хонаи омӯзгорон ва китобхона мебошад.
Дар деҳаи Дилнишини ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара бинои таълимӣ дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Муассисаи таълимии мазкур 61 сол муқаддам ҳамчун муассисаи таълимии 4-сола ва баъдан муассисаи таҳсилоти асосии 8-сола таъсис ёфтааст. Соли 2007 мактаб ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдили мақом кардааст.
Бинои мазкур барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, аз ду ошёна иборат мебошад. Муассиса дорои 10 синфхона, як синфхонаи муҷаҳҳаз бо 12 адад компютер ва китобхона мебошад. Инчунин, дар ҳудуди муассиса дегхона барои бо гармӣ таъмин намудани бино сохта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар деҳаи Дилнишин қаблан мактаб бо 120 ҷои нишаст мавҷуд буд, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и деҳаи Шаршари ҷамоати деҳоти Пушинг низ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 сохта шуда, мавриди истифода қарор дода шуд.
Масоҳати умумии замини муассиса 1,37 гектарро ташкил дода, он дар маркази деҳа дар ҷойи хушбоду ҳаво сохта шудааст.
Мактаб барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, аз ду ошёна иборат мебошад. Муассисаи мазкур дорои 10 синфхона, синфхонаи муҷаҳҳаз бо 12 адад компютер, китобхона ва майдончаи варзишӣ мебошад. Ҳамаи синфхонаҳо бо ашёи зарурии хониш, мизу курсиҳо ва асбоби аёнӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Ҳамзамон, дар ҳудуди муассиса дегхона барои бо гармӣ таъмин намудани бино ва ҳавзи зиддисӯхтор сохта шудааст.
Зимни ифтитоҳи биноҳои муассисаҳои таълимӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон бо омӯзгорону кормандони муассисаҳо ва аҳолии деҳаҳо суҳбат ороста, доир ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи маориф, риояи дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мусоидат намудан дар самти пешгирӣ ва паст кардани шиддати паҳншавии бемории COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ, инчунин, аз шароити муҳайёгардида ба омӯзгорону хонандагон дар самти истифодаи босамари имконияти фароҳамшуда, аз худ кардани барномаҳои таълимӣ, кор бо техникаю технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» солҳои 2020-2040 суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, зимни баистифодадиҳии биноҳои муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби вазири маориф ва илм ба ҳар як муассиса иловатан китобҳои дарсию бадеӣ ҳамчун туҳфа тақдим гардида, ба соҳибкорону пудратчиён Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ду нафар соҳибкор И. Таваралиев ва Р. Нозилов ҷоизаи «Ободгари Ватан» ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон супурда шуд.