Рӯзи 24 июл дар бинои ҶСШК «Комбинати Хӯрокворӣ»-и шаҳри Бохтар дар ҳамкори бо Ассотсиатсияи соҳибкорони Хатлон ва Бахши агентии содирот дар вилоят бо мақсади муаррифии маҳсулотҳои кишоварзии истеҳсоли вилоят ва рушди содироти вилоят барои меҳмонон-харидорони маҳсулотҳои кишоварзие, ки аз Чумҳурии Корея ташриф оварда буданд намоиши маҳсулотҳои кишоварзиро ташкил кардем. Дар намоиш аз ҷониби аъзоёни Палата ва соҳибкорони вилоят, ЧСШК «Комбинати хӯрокворӣ», хоҷагиҳои деҳқонии «Азимҷон» ва соҳибкор занбурпарвар Қосимов И. аз шаҳри Бохтар, хоч.деҳ«Ансори», «Деҳқони Асил» аз ноҳияи Ҷайҳун ва хоҷагии деҳқонии «Хоҷи Акбар» аз ноҳияи Вахш молу маҳсулотҳои истеҳсолкардаи худро пешкаши меҳмонон ва иштирокчиёни чорабини гардониданд.
Дар чорабинии баргузор гардида муовини раиси вилоят Рачабов Р.С., директори агентии содироти назди Ҳукумати Чумҳурии Точикистон Бобозода Ш., сафири ЧТ дар Чумҳурии Корея Юсуф Шарифзода, роҳбарияти ПСС вилояти Хатлон, бахши агентии содироти вилоят ва Ассотсиатсияи соҳибкорони Хатлон иштирок намуданд ва аз маҳсулотҳои кишоварзии истеҳсоли вилоят дидан карданд.