Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Сафари кории Сарвазири мамлакат дар шаҳри Норак

Сафари кории Сарвазири мамлакат ба вилояти Хатлон бо шиносоии ӯ аз корҳои ободонию созандагӣ, рафти сохтмони иншоотҳои таъиноти гуногун дар шаҳри Норак идома ёфт.

Зимни боздиди Сарвазир Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ҳолати истифодаи самараноки замин, коркарди байни қаторҳо дар ҶДММ “Боғи Анор” ва намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ иттилоъ дода шуд, ки

ҶДММ “Боғи Анор” дар майдони 174 га ташкил гардида, аз он дар майдони 134 га ниҳоли анор парвариш ёфта ва дар 4 га ниҳол-парваришгоҳ ташкил шудааст.

Дар ҶДММ «Боғи анор» 70 нафар сокинони шаҳр фаъолият намуда, ба парвариши анор, гулу гулбуттаҳо ва зироатҳо машғуланд.

Сарвазири мамлакат бо ҳамроҳии раиси вилоят аз ҷараёни сохтмони бинои нотамоми 5-ошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ боздид карданд.

Раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода иттилоъ дод, ки то поёни соли ҷорӣ дар Норак 48 иншооти ҷашнӣ дар доираи омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Зимни шиносоии Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода бо корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳи марказӣ қайд шуд, 20 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафари кории худ ба шаҳри Норак барои сохтмони майдони варзишӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст санги асос гузошта буданд.

Имрӯз Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш аз рафти корҳои таҷдидӣ дар НБО-и Норак ба номи Т. Ӯлҷабоев низ дидан карданд.