Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Имрӯз тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Балҷувон боздид намуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, аъзои Ҳукумат бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва ободонӣ шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ бо корҳои таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллии деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти «Сари Хосор» зикр гардид, ки ин тарҳ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, бо ҷалби соҳибкорон сохта шудааст. Масофаи роҳи мумфаршгардида наздики 4 км-ро ташкил дода, корҳои сохтмониро техникаҳои роҳсозии Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия анҷом додааст.

Ба Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят иттилоъ доданд, ки азнавбарқарорсозии Қалъаи таърихии Мири Балҷувон пешбинӣ шудааст. Аз соли 2019 корҳои сохтмонӣ дар қисмати барқарорсозии Қалъаи мири Балҷувон оғоз гардида, як қисмати корҳо ба анҷом расонида шудааст. Иншооти мазкур яке аз ёдгориҳои таърихии ноҳия ба ҳисоб рафта, ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ аз он дидан менамоянд.

Ҳайати гурӯҳи корӣ ҳамчунин аз корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, ҷойи баргузории намоишгоҳ, литсейи касбӣ-техникӣ, майдони Парчами давлатӣ, осорхона ва варзишгоҳ дидан карданд.

Сохтмони варзишгоҳ барои 6000 ҷойи нишаст дар маркази ноҳия бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта истодааст. Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, мавриди истифода қарор додани он то ҷашни 30-солагии Истиқлолият ба нақша гирифта шудааст. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар сатҳи хуб ҷараён дошта, наздики 35 нафар мутахассисон фаъолият доранд.

Дар ҷаласаи кории назди Сарвазири мамлакат, ки дар Қасри фарҳанги ноҳияи Балҷувон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, аъзои Ҳукумат ва фаъолони ноҳия доир гардид, ба масъулон ҷиҳати суръатбахшӣ ба корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ, бозсозии роҳи то мавзеи Сари Хосор, тадбирҳои зиддиэпидемикӣ, таъмини шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ дастуру супоришҳо дода шуд.