Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода фабрикаи дӯзандагии ҶДММ «Ваҳдат»-и ноҳияи Ёвон дидан намуданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтусоз ва санҷишӣ дар коргоҳи истеҳсоли дастпӯшакҳои коргарӣ, либосҳои таҳпӯши трикотажи кӯдакона ва дӯзандагии ҶДММ «Ваҳдат»-и ноҳияи Ёвон дидан намуданд.

Коргоҳҳои мазкур дар биноҳои тайёри фабрикаи дӯзандагии ҶДММ «Ваҳдат» бо ворид намудани таҷҳизотҳои технологии муосир таъсис дода мешаванд.

Тавре ки ба раиси вилоят иттилоъ доданд, бо ин мақсад таҷҳизотҳои технологии зарурӣ ба корхона ворид гардида, имрӯзҳо корҳои омодасозии коргоҳ идома дорад. Интизор меравад, ки он то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шавад. Дар сурати бакорандозии ин коргоҳҳо беш аз 220 ҷойи кории нав муҳайё мегардад.

Коргоҳи истеҳсоли дастпӯшакҳои коргарӣ дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида истодааст. Дар коргоҳи мазкур 114 дастгоҳи истеҳсоли дастпӯшак ҷойгир кунонида шуда, ҳар як дастгоҳ дар як шабонарӯз иқтидори истеҳсоли 240 дастпӯшакҳои гуногунандозаро (15 андоза) доро мебошад. Дастпӯшакҳои коргарии дар ин коргоҳ истеҳсолшаванда аз пахтаи дар дохили кишвар коркард ва рангуборшуда истеҳсол мегардад. Дар ин коргоҳ 40 нафар (аксарияташон аз ҳисоби занҳо) бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд гашт.

Коргоҳи кешбофӣ — истеҳсоли либосҳои тагпӯши трикотажи кӯдакона бо 115 дастгоҳи истеҳсолӣ, аз ҷумла 90 дастгоҳи бофандагӣ, 15 дастгоҳи ёрирасон ва 10 дастгоҳи дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар коргоҳи мазкур дар як шабонарӯз имкон аст, то 900 либоси тагпӯш (колготки) истеҳсол карда шавад. Дар коргоҳ 126 нафар (аксарияташон аз ҳисоби занҳо) бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд гашт.

Коргоҳи дӯзандагии фабрика бо 58 дастгоҳ, аз ҷумла 50 мошинаи дарздӯзӣ, 4 дастгоҳи порагарӣ ва 4 адад таҷҳизоти дарзмолкунӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, имрӯзҳо ба дӯхти либоси мактабӣ машғул аст. Дар ин коргоҳ 58 коргар, ки ҳамаашон занҳои маҳаллӣ мебошанд, бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд. Ҳамзамон, дар коргоҳи мазкур дар моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ барои кормандони корхона зиёда аз 5500 ниқоби тиббӣ истеҳсол гардидааст, ки имрӯзҳо мавриди истифодаи кормандони ба фаъолият шурӯънамудаи корхона қарор дорад.

Ҳамаи кормандони корхонаи мазкур бо либоси махсуси корӣ (спецодежда) ва маоши хуб таъмин хоҳанд гашт.

Дар таҳхонаи бинои истеҳсолӣ ошхонаи ҷамъияти мазкур фаъолият менамояд, ки кормандони корхона бо хӯроки гарм таъмин мегарданд.

Роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат» мақсад дорад, ки дар оянда шумораи дастгоҳҳои кешбофиро зиёд намуда, истеҳсоли ҳамаи намуди либосҳои тагпӯши кӯдаконаро бо ранг ва андозаҳои гуногун ба роҳ монанд.

Баъд аз пурра ворид гардидани таҷҳизоти иловагӣ ва ба кор андохтани онҳо дар корхона маҷмӯан ҷойҳои корӣ ба зиёда аз 400 адад мерасад.