Мӯҳтарам Аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Дӯстони азиз!
Пеш аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар мулоқоти пурмуҳтаво доир намуда, дар ҳошияи он бамасъалаҳои муҳимтарин иҳаётисиёсӣ, иҷтимои юиқтисодӣ ва илмию фарҳангии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки : «Рамазон дар ҳаёти мусулмонон айёми озмоиши ирода, сабру таҳаммул ва ба камол расонидани дигар хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад».
Дар шароити имрўза аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохибкоронро зарураст, ки бо дар назардошти дастгирї аз талош ва иќдомњои ватандўстї ва райиятпарварии Њукумати Љумњурии Тољикистон, моҳияти равандҳои муосирро ба наврасону ҷавонон фаҳмонем ва мардумро ба муттањидї, таҳаммул гароиву ҳамдигарфаҳмӣ, некиву накӯкорӣ ва амалҳои дигари хайр даъватнамуда, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллиро бозҳам таҳкимбахшем.
Дар арафаи Иди саиди Фитр аз њамаи соњибкорон даъват мекунем, ки меҳру шафқати худро нишон дода, аз баланд бардоштани нарху наво худдорӣ намуда, ба қишри ниёзманди ҷомеа, беморону барҷомондагон ва ятимону бепарасторон кумак расонанд. Додани фитри рӯза ба эҳтиёҷмандону дармондагон, савоби зиёд дорад.
Иди саиди Рамазонро табрик гуфта, барои ҳар яки Шумо хонаиобод, ризқи фаровон, тандурустӣ ва саодатирӯзгорро орзу менамоям. Бигзор, сулҳу субот, оромиву осоиш, файзу баракат ва фаровонии рӯзгор дар Ватани маҳбубамон ҳамеша ҳукмфармо бошад.
Иди саиди Рамазон муборак бошад!
Бо эҳтиром,
Раиси Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода