Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

БО ДАСТУРИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА 300 КОРМАНДИ СОҲАИ ТИБ МАВОДИ ОЗУҚА ДАСТРАС КАРДА ШУД

Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба 300 нафар табибон, кормандони миёнаи тиб, ҳайати хизматрасон ва онҳое, ки ба маъракаи мубориза алайҳи пандемияи COVID-19 дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ҷалб гардидаанд, маводи озуқа дастрас карда шуд.

Ин кумакҳо бо мақсади дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи тиб, ки дар беморхонаҳои барои муолиҷаи беморони сироятии коронавирус ва илтиҳоби шуш муайяншуда заҳмат мекашанд, нигаронида шудааст.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо изҳори сипос аз фаъолияти табибоне, ки софдилона баҳри ҳифзи сиҳҳатии аҳолӣ меҳнат мекунанд, таъкид намуд, ки бинобар афзоиш ёфтани ҳаҷми кори табибон, кормандони миёнаи тиб ва ҳайати хизматрасони муассисаҳои тандурустӣ, зарурати таъмини шароити арзандаи фаъолият, дастгирии иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо ба миён омадааст. Таваҷҷуҳи махсус ба фаъолияти кормандони соҳаи тиб, қадрдонӣ намудани меҳнати шабонарӯзии онҳо муҳим мебошад. Бинобар ин, ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастур дода шуд, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ҷиҳати саривақт ва дар навбати аввал гирифтани маоши моҳона, инчунин кумакпулиҳои иловагӣ ва дигар навъҳои дастгирии кормандони соҳаи тиб фавран тадбирандешӣ намоянд.

Чунин кумаки ғизоӣ, ки аз орд, биринҷ, равған, картошка, пиёз иборат буд, ба сад нафар табибону ҳамшираҳои шафқати Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар дастрас гардид.

Ёдовар мегардем, ки тибқи дастури раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, бо мақсади тақвияти корҳои пешгирикунанда ва мубориза бар зидди вируси нави COVID-19, дастгирии кормандони соҳаи тиб, ки дар ин шабу рӯз ҷиҳати ҳифзи саломатии аҳолӣ заҳмат мекашанд, барои духтурони маълумоти олидор 500 сомонӣ, кормандони миёнаи тиббӣ 400 сомонӣ ва ҳайати хизматрасони муассисаҳои тиббӣ ба андозаи 300 сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад.

Дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои чорабиниҳои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории короновирус COVID-19 аз ҳисоби маблағҳои харҷномавӣ, маблағҳои махсус, бақияи озод ва даромади барзиёдатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 5 миллиону 358 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.