Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

ОЗДИДИ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ КОРХОНАИ «КОТА — ГЛОБАЛ»-И ШАҲРИ БОХТАР

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз, 7 май, бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, либосҳои махсуси тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ, инчунин ширкатҳои доруфурӯшӣ дар шаҳри Бохтар шинос шуд.

Нахуст раиси вилоят аз ҶДММ «Ко Та — Глобал»-и шаҳри Бохтар дидан намуд. Роҳбари корхона Ким Ҷунг Бог ба Қурбон Ҳакимзода маълумот дод, ки бо дарназардошти афзоиши эҳтиёҷ ба ниқобҳои тиббӣ ва либоси махсуси тиббӣ маъмурияти ширкат тасмим гирифт, ки ба истеҳсоли ин навъи маҳсулот машғул шавад. Айни замон шумораи кормандон ба 165 нафар мерасад ва беш аз 150 корманди дигар бо мақсади ҳифзи саломатӣ ба рухсатии муваққатӣ гусел шудаанд.

Дар корхона 450 адад мошинаҳои дӯзандагӣ ва 80 адади дигар дастгоҳҳои махсуси истеҳсолӣ мавҷуд буда, асосан маҳсулоти дӯзандагӣ, аз ҷумла ниқоби тиббӣ, либоси махсуси тиббӣ, костюми духтарона, шим, шалвар, сарафан, либосҳои мактабӣ ва корӣ истеҳсол карда мешавад.

Ба иттилои менеҷери корхона Саида Яқубова, иқтидори истеҳсолии ширкат омодасозии то 1000 адад хилъати тиббӣ ва зиёда аз 10 ҳазор адад ниқоби муҳофизатӣ дар як рӯз мебошад.

То ин вақт аз ҷониби ширкат ба донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, оилаҳои камбизоат ва муассисаҳои тиббии ҳудуди шаҳри Бохтар ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ройгон тақдим карда шудааст.

Роҳбари корхона Ким Ҷунг Бог ба раиси вилоят иттилоъ дод, ки ояндаи наздик барои истеҳсоли 500 ҳазор адад ниқоби босифату бисёркаратаи тиббӣ аз Корея матоъ ворид гардида, истеҳсолоти он афзоиш дода мешавад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба фаъолият ва сифати маҳсулоти истеҳсолии ин корхона баҳои баланд дода, бо дарназардошти зиёд будани талабот афзоиш додани истеҳсоли онро мувофиқи мақсад донист.

Қобили зикр аст, ки корхонаи ҶДММ «Ко Та — Глобал»-и шаҳри Бохтар дар 4 моҳи соли 2020 ба маблағи 84,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки танҳо дар моҳи апрели соли равон 60,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар давраи сипаришуда беш аз 110 ҳазор дона ниқоби тиббӣ истеҳсол гардидааст.