Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

ҚАДРШИНОСИИ 108 НАМОЯНДАИ ВАО-И ХАТЛОН БА МУНОСИБАТИ 108-СОЛАГИИ МАТБУОТИ ТОҶИК

Рӯзи 10 март, дар шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик – иди касбии рӯзноманигорон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид.

Нахуст раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳамроҳ бо раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода аз намоиши матбуоти даврии маҳаллӣ, ки идораи нашрияҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ ороста буданд, дидан намуданд.

Раиси вилоят аз сардабирони нашрияҳо оид ба шумораи обуначиён, фарогирии мавзӯъҳо, вазъи бинои корӣ пурсон шуда, ба арзу матлабашон гӯш доданд.

Пас аз тамошои намоишгоҳ дар толори идораи телевизиони вилоят ҳамоиш барпо гардид. Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ҷамъомадро ҳусни ифтитоҳ бахшида, суханро ба раиси вилоят дод.

Қурбон Ҳакимзода зимни баромади худ аз таърихи ташаккул ва таҳаввули матбуот дар Хатлонзамин ёдовар гардида, саҳми назарраси собиқадорон ва журналистони саршиноси вилоятро дар рушди соҳа зикр намуданд. Дар суханронии раиси вилоят инчунин доир ба зарурати бозомӯзии кормандони эҷодиву техникии ВАО-и чопию электронӣ, тарбияи кадрҳои шоистаи рӯзноманигорӣ дар муассисаҳои олии таълимӣ ва таъмини шароит барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар расонаҳои хабарӣ, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ кардани муҳтавои барномаҳои телевизионию радиоӣ ва нашрияҳои даврӣ таъкид шуд.

- Бояд нашрияҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ бар сари беҳтар кардани муҳтавои матлабҳояшон фикр кунанд, нашрияҳои маҳаллӣ бояд бозоргир шаванд, аз қолабҳои куҳна, чопи маводҳои дилгиркунанда худдорӣ намоянд, - зикр карданд раиси вилоят. - Талаботи аудиторияи замони навро бояд ба инобат гирифт. Дизайни саҳифаҳо муосир, чашмрас, диққатҷалбкунанда шаванд. Хулоса, муҳаррирон ва ҳайати эҷодӣ бояд тавре корро ба роҳ монанд, ки шумораи обуначиён афзояд, хонанда матлабҳои табъи дилашро дар саҳифаҳои матбуоти даврии маҳаллӣ пайдо намояд.

Қурбон Ҳакимзода изҳори итминон намуданд, ки ҳар як намояндаи воситаҳои ахбори омма минбари суханро барои ҳифзи амнияти давлат, таҳкими пойдории ҷомеа, тарғиби худогоҳиву худшиносии миллӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба анъанаҳои фарҳангӣ, рушду густариши забони давлатӣ истифода менамояд ва ба халқу миллати худ содиқонаву беғараз хизмат мекунад.

Зинатуллоҳ Исмоилзода – раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон зимни баромадаш аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди воситаҳои ахбори омма ёдовар гардида, ғамхории пайвастаи роҳбарияти вилояти Хатлонро ба собиқадорони матбуот ва дастгирии расонаҳои хабарии вилоят қобили ситоиш хонд.

Пасон, маросими тақдими Ҷоизаҳои адабии ба номи Шамсиддин Шоҳин ва Носири Хусрав, инчунин Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон барои беҳтарин маводи журналистӣ “Неруи сухан-2019” ба ғолибонашон доир гардид.

Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 108-солагии матбуоти тоҷик 108 намояндаи воситаҳои ахбори оммаи вилоят аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ИЖТ бо мукофотҳои молию пулӣ, медалҳои ҷашнӣ, Ифтихорнома ва Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ҳар як нашрия ва маҷаллаи вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, инчунин кафедраҳои рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷамъ 36 адад компутар ва принтер тақдим карда шуд.

Дар охир раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода Рӯзи матбуоти тоҷикро барои қаламкашон ва кулли ҳаводорони матбуот бори дигар шодбош гуфта, ба онҳо пирӯзиҳои касбӣ, сарбаландӣ, тансиҳатӣ ва эҷоди созанда таманно карданд.