Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

САФАРИ КОРИИ НАМОЯНДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

1_1.JPG

Гурӯҳе аз намояндагони вилояти Хатлон тибқи дастури раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо мақсади дидору мулоқот бо ҳамватанони бурунмарзӣ, шиносоӣ бо кору зиндагии онҳо ва муаррифии имкониятҳои ҳамкорӣ ба Федератсияи Россия сафар карданд.

11.jpg

Ба ҳайати мазкур, ки роҳбарии онро муовини Раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов ба уҳда дорад, мудири бахши робита бо кишварҳои хориҷии Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Қурбон Вализода, директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилоят Сайфиддин Хайрулло, раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсупов, раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода, муовини аввали раиси ноҳияи Панҷ Шарофиддин Асомиддинзода шомил мебошанд.

Нимаи дуюми рӯзи 27-уми январ гурӯҳи корӣ бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторӣ вохӯрда, оид масоили дарболо зикргардида мубодилаи афкор намуданд.

Сипас, дар толори сафорат вохӯрии ҳайати вилоят бо намояндагии вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия фаъолият мекунанд, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, диаспораҳо ва дигар шахсони расмӣ сурат гирифт.

Дар ҷаласа иштирокчиён оид ба имконоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ҷалби соҳибкорони бурунмарзии тоҷик ба раванди босуръати корҳои ободонию бунёдкорӣ дар кишвар, имтиёзу шароити мавҷудаи вилояти Хатлон барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, коркарди маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар суҳбат намуданд.

Дар идомаи ҷамъомад зикр гардид, ки баъд аз омодагии ҳамаҷониба бо иштироки бевоситаи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар Федератсияи Россия баргузории Форуми соҳибкорони бурунмарзии вилояти Хатлон ва сармоягузорон ба нақша гирифта шудааст.

Дар охир ҷамъомадагон оид ба таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, бунёди коргоҳҳои истеҳсолию марказҳои хизматрасонӣ ва баргузории форуми бошукӯҳи тиҷоратӣ дар шаҳри Москва табодули афкор намуда, барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ба намояндагони вилояти Хатлон суолу пешниҳодҳои худро баён карданд.