Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари кории худ ба музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалии шаҳри Янлин иштирок намуд.

Раис дар Хитой4_0.png

Дар ин сафар Қурбон Ҳакимзодаро раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон ва намояндагони доираҳои тиҷоратии вилоят ҳамроҳӣ мекунанд.Нимаи дуюми рӯзи 22 октябр раиси вилоят дар нишасти мизи мудаввар оид ба масъалаҳои мубрами кишоварзӣ ширкат варзид, ки дар он намояндагони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай низ ҳузур доштанд.Имрӯз, 23 октябр, Қурбон Ҳакимзода зимни суханрониаш дар рӯнамои байналмилалӣ дар шаҳри Янлини музофоти Шэнсӣ зикр намуд, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии мардумии Хитой аз қадим муносибатҳои анъанавии дӯстона роҳандозӣ шуда, он ҳанӯз аз замони Роҳи бузурги абрешим сарчашма мегирад.

- Бо дарназардошти он ки Тоҷикистон Хитойро ҳампаймони боэътимод, шарики иқтисодӣ, дӯст ва ҳамсояи неки худ меҳисобад, мо мекӯшем, ки дар доираи созишномаҳои аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Сӣ Ҷин Пин имзошуда ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоиро вусъат бахшем, - қайд кард Қурбон Ҳакимзода. – Дар натиҷаи равобити хуби ҷонибҳо тайи солҳои охир ҳайатҳои ҳар ду кишвар ба минтақаҳои ҳамдигар сафарҳои корӣ анҷом доданд, бо мақомоти давлатӣ ва доираҳои тиҷоратӣ перомуни рушди ҳамкориҳо табодули назар ва таҷриба сурат гирифт.

Раиси вилоят афзуд, ки вилояти Хатлон бо минтақаҳо ва ширкатҳои мухталифи Хитой ҳамкории самараоварро ба роҳ мондааст. Бо ҷалби сармояи чинӣ дар ноҳияи Ёвон ду корхонаи истеҳсоли сементи  «Хуаксин Ғаюр семент» ва «Ҷунгтай Моҳир семент» бо иқтидори истеҳсолии 1,2 миллион тонна дар як сол бунёд гардид. Корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» дар баробари истеҳсоли сементи хушсифат, инчунин дар ноҳияи Ёвон литсейи технологӣ бунёд кард.

Инчунин дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони чинӣ хати интиқоли барқи «Лолазор» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки барои транзити неруи барқи Тоҷикистон ба мамлакатҳои дигар муҳим аст, бахусус дар фасли гармо, ки дар кишвари мо неруи аз меъёр зиёди барқ истеҳсол мешавад.

Аз ҷониби ширкати чини «ТК-Ойл» айни ҳол дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» сохтмони корхонаи истихроҷи нафт бо иқтидори солонаи 1,2 миллион тонна дар як сол ҷараён дорад. Марҳилаи якуми сохтмони ин корхона бо иқтидори то 500 ҳазор тонна ба анҷом расида, дар ояндаи наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Дар ноҳияи Данғара ширкати «Ҷунгтай Данғара Син Силу» феълан ба бунёди маҷмааи истеҳсолӣ оид ба коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ машғул аст. Ин лоиҳа дар 4 марҳила амалӣ шуда, аз коргоҳҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангандозӣ ва дӯзандагӣ иборат аст. Марҳилаҳои якуму дуюми корҳои сохтмонӣ аллакай ба анҷом расидаанд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд намуд, ки ширкатҳои кишоварзии Хитой имрӯзҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисони хатлонӣ дар ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ фаъолияти пурсамар дошта, саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории вилоят гузошта истодаанд.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи густариши равобити вилояти Хатлон бо минтақаҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой сол аз сол ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот афзоиш меёбад. Дар соли 2018 ҳаҷми гардиши мол 109 миллион доллари амрикоӣ ва дар 9 моҳи соли ҷорӣ 51,4 миллион долларро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳайати музофоти Шэнсӣ бо роҳбарии хонум Хэ Жун – муовини роҳбари Кумитаи ҳизби коммунистии ин музофот, ба вилояти Хатлон ташриф оварда буд. Роҳбарияти вилоят даъвати ҷониби Хитойро барои сафар ба музофоти Шэнсӣ ва иштирок дар намоишгоҳи Янлин пазируфт.

Миёни вилояти Хатлон ва музофоти Шэнсӣ Протокол «Дар бораи нияти рушди муносибатҳои бародарона» (соли 2015) ва Меморандум дар бораи барқарорсозии муносибатҳои бародарона (4 сентябри соли 2017) ба имзо расидааст.