Муовини раиси вилоят Умед Зоҳирзода, роҳбари дастгоҳи раис Ғазалшоҳ Сафарзода ва ҳамроҳонашон аз намоишгоҳи маҳсулоти қаннодӣ ва намудҳои зиёди ҳалво, ки намояндагони ҳамаи 25 шаҳру ноҳияи вилоят ороста буданд, дидан карда, ба маҳорати баланди пазандагии бонувон баҳои баланд доданд.
Умед Зоҳирзода ҳамаи иштирокчиёнро аз номи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода шодбош гуфта, зикр намуд, ки чорабинии имрӯза – озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ ҷиҳати татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 доир ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоикистон барои солҳои 2019-2021 доир шуда истодааст.
- Ширинӣ аз қадим ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ ба ҳаёти иҷтимоии мардуми манотиқи гуногуни мамлакатамон ворид гардида, шириниҳо ё ширавориҳо як бахши муҳими дастархони суннатии тоҷикон ба шумор меравад, - қайд кард муовини раиси вилоят. - Маъмултарин шириниҳои анъанавӣ - ҳалво, қандалот, парварда, қандҳои гуногун, нишалло, набот, мураббо ва чанде дигар то ба имрӯз миёни мардуми тоҷик хеле серистеъмоланд.
Қобили зикр аст, ки бо пеш рафтани иттилоот ва коммуникатсия кадбонуҳои тоҷик тавонистанд дар омода намудани садҳо намуд маҳсулотҳои қаноддӣ ҳунари хешро сайқал диҳанд. Бо истифода аз ҳунари худ дар маросимҳо ва иду ҷашнҳо метавонанд навъҳои гуногуни маҳсулоти қаннодӣ омода намуда, дастархони оиларо ғанӣ ва ба иқтисоди оила фоида биёранд.
Бо мақсади ҳунаромӯзии духтарон, аз ҷумла дар бахши омода намудани шириниҳо, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омӯзиши омода намудани маҳсулотҳои қаннодӣ ба роҳ монда шудааст.
Инчунин, марказҳои омӯзишии ҳунарҳои қаннодӣ тавассути курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил карда шудаанд, ки ҷавондухтарон аз он истифода мебаранд. Намоиши имрӯзаи бахши қаннодӣ гувоҳӣ медиҳад, ки дар ин самт кадбонуҳои тоҷик ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардидаанд.
- Мо имрӯз мебинем, ки дар маркази шаҳру ноҳияҳои вилоят нуқтаҳои фурӯши шириниҳо ташкил карда шудаанд, - идома дод Умед Зоҳирзода. - Зани тоҷик ҳамеша бо истеъдод ва ҳунари худ ифтихор дошта, таърихи гузаштаи миллат нишон медиҳад, ки онҳо дар пухтани навъҳои гуногуни ҳалво низ маҳорати баланд нишон додаанд.
Таърихи пайдоиши анвои ҳавло дақиқан муайян нест, аммо дар баъзе сарчашмаҳои адабию таърихӣ ишораҳо ва номи баъзе аз навъҳои ҳалвои бостонӣ зикр шудаанд. Тибқи матнҳои паҳлавӣ, дар аҳди Сосониён ҳалвоҳои махсус пухта мешудааст, ки дар осори адабӣ ва таърихӣ бо номҳои гуногун сабт гардидаанд.
Анъанаи ҳалвогарӣ дар асарҳои этногарфию таърихии муҳаққиқони садаи 20-ум бештар ба назар мерасад, ки дар баробари тасвиру тавсифи таомҳои миллӣ ба бахши шириниҳо низ таваҷҷуҳ карда, беш аз 30 номгӯи ҳалворо қайд намудаанд. То имрӯз аз як қисм танҳо номашон боқӣ мондааст. Қисми дигари ҳалвоҳо, ба монанди ҳалвои сафедак, ҳалвои сурх, тарҳалво, ҳалвои кунҷитӣ, парварда, ҳалвои қандак, ҳалвои барӯған, нишолло ва ғайра то ба имрӯз дар миёни тоҷикони манотиқи гуногуни Осиёи Марказӣ маъмул мебошанд.
- Тибқи мушоҳидаҳо, бо таъсири рушди саноати хӯрокворӣ, махсусан шириниҳо, санъати ҳалвогарӣ як андоза мавқеи худро аз даст додааст, - қайд кард У. Зоҳирзода. - Тазаккур бояд дод, ки маҳсулоти қаннодӣ ва ҳалвои суннатии тоҷикон пурра аз маҳсулоти тозаи органикӣ тайёр карда мешаванд ва онҳо барои тандурустии инсон зиён надоранд. Маҳз ҳамин ҷиҳатро ба инобат гирифта, баргузории озмуни қаннодӣ ва ҳалвопазӣ дар саросари кишвар ба нақша гирифта шудааст, ки ҳунари қаннодӣ ва ҳалвоҳои суннатии мо бештар таблиғу тавсиф карда шаванд.
Муовини раиси вилоят инчунин масъалагузорӣ намуд, ки барои рушди бештари соҳаи саноат, махсусан омода кардани маҳсулоти қаннодӣ ва ҳалвогӣ, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, ҷавондухтарон ба омӯзиши пухтани шириниҳо, ҳалвоҳо ва дигар хӯришҳо бештар ҷалб карда шаванд.
Дар идомаи чорабинӣ маросими эълони ғолибони озмуни вилоятии қаннодӣ ва ҳалвогарӣ сурат пазируфт.
Кумитаи тадорукоти вилоятӣ барои иштироки фаъолона, саҳми муносиб гузоштан дар пешрафти соҳаи хӯрокворӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулот ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани озмуни вилоятии қаннодӣ ва ҳалвопазӣ шаҳри Бохтарро сазовори ҷойи якум донист. Ба мақомоти иҷроияи ҳоркимияти давлатии Бохтар Диплом ва мукофоти пулӣ тақдим гардид.
Ҳамин тавр, ноҳияи Данғара ва шаҳри Кӯлоб сазовори ҷойи дуюм, ноҳияҳои Фархор ва Панҷ сазовори мақоми сеюм гардида, бо диплому мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Инчунин, беш аз 30 нафар кадбонувони фаъол ва роҳбарони коргоҳҳои қаннодӣ бо Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро сарфароз гардонида шуданд.
Умед Зоҳирзода изҳори итминон кард, ки кадбонуҳои вилояти Хатлон ҳунари омода кардани маҳсулоти қаннодӣ ва ҳалвогиро боз ҳам равнақ дода, дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, аз ҷумла дар омӯзонидани ҳунарҳои мардумӣ ба ҷавондухтарон саҳм мегузоранд.
Барномаи театрикунонидаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар идомабахши қисмати фарҳангии озмуни вилоятӣ буд.