Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Боздиди Қоҳир Расулзода аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Сарвазир дар Ч. Балхи2.jpg

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳру навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз рафти тадбирҳои ободонӣ, ки вобаста ба ҷашнҳои миллӣ идома доранд, шинос шуд.

Нахуст, дар деҳаи Наврӯзи Ҷамоати деҳоти “Навобод” Сарвазир ва раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои меҳмонхона, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Алишери Чиллахон амалӣ шуда истодааст, шинос гардиданд. Иншооти мазкур ба маблағи 3,2 миллион сомонӣ дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад. Корҳои сохтмонӣ 90% ба анҷом расида, интизор меравад, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз меҳмонхона ба истифода дода мешавад. Бино чорошёна буда, зиёда аз 20 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор фаро гирифта шудаанд.

Дар идомаи сафар Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода аз корхонаи сементбарории ҶДММ “Моҳир Семент” дидан намуданд. Иншооти сохташавандаи корхонаи сементбарории ҶДММ “Моҳир Семент” дар ҳудуди минтақаи саноатии Ҷамоати деҳоти “Маданият” ҷойгир аст. Корхона, ки тарҳи сохтмонаш 360 миллион сомониро ташкил медиҳад, аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Моҳир Семент” бунёд шуда истодааст.

Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки дар сурати пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхона 100-120 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Иқтидори истеҳсолии корхона 600 ҳазор тонна семент дар як солро ташкил медиҳад.

Дар деҳаи ба номи М. Горкийи Ҷамоати деҳоти “Ҳалевард” Қ. Расулзода ва Қ. Ҳакимзода бо ҷараёни сохтмони муассисаи томактабии хусусӣ, ки бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Саидов бунёд мешавад, шинос шуданд. Бино аз ду ошёна иборат буда, бо сарфи 2 миллиону 650 ҳазор сомонӣ қомат хоҳад афрохт. Тибқи нақша, ин кӯдакистон дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯзи соли 2020 ба истифода дода мешавад. Дар идома Сарвазири кишвар аз рафти корҳои сохтмони Маҷмааи варзишӣ, мактаб-литсей бо хобгоҳҳояш, муассисаи томактабӣ барои 330 кӯдак, ду бинои истиқоматии бисёрошёна дидан намуд.

Маълумот дода шуд, ки ба ҶСП «Ширкати Холдингии Исмоили Сомонӣ» дар маҷмӯъ барои сохтмони ин иншоотҳо дар Ҷамоати деҳоти “Ҳалевард”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 25 гектар замин ҷудо гардидааст. Сохтмон дар ин мавзеъ айни замон ба таври комплексӣ амалӣ шуда истодааст.

Иншооти калонтарини он маҷмааи варзишӣ ба ҳисоб меравад. Майдони маҷмааи варзишӣ 11 гектарро дар бар гирифта, маблағи сохтмони он 36 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар он 15000 ҷойи нишаст барои тамошогарон пешбинӣ шудааст.

Дар назди ин маҷмааи варзишӣ сохтмони мактаб-литсейи президентӣ бо 2 хобгоҳи чорошёна барои хонандагон ва омӯзгорон бо маблағи умумии 23 миллион сомонӣ, як муассисаи томактабии сеошёна барои 330 нафар кӯдак бо маблағи 13 миллион сомонӣ, як хонаи бисёрошёнаи 25-хонадор ва як хонаи бисёрошёнаи 50-ҳуҷрадор бунёд шуда истодааст.

Мавриди зикр аст, ки дар иншооти сохташаванда шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуда, баъди мавриди истифода қарор гирифтан қисми зиёди шаҳрвандон низ бо шуғли доимӣ фаро гирифта мешаванд. Зеро ҳар иншооти бунёдшаванда бо назардошти фароҳам овардани шароит барои мардум, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди сатҳи иқтисодӣ сохта мешавад.

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ масъулон талош доранд, ки дар пайравӣ аз сиёсати созандаву бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию бунёдкориро тақвият бахшида, ҷашнҳои миллиро бо дастовардҳои назаррас дар сатҳи баланд таҷлил намоянд.