Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Бохтар майдони варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар шаҳр шинос шуданд.
Солҳои охир дар шаҳри Бохтар аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҷалби сармояи дохилӣ, алалхусус ҳавасманд гардонидани соҳибкорону сокинон, корҳои бунёдкориву созандагӣ авҷ гирифта, сохтмону ба истифода додани як зумра иншооти таъиноти маишию маъмурӣ бо тарҳи муосир амалӣ гардидааст.
Иншооти варзишӣ аз ҷониби соҳибкор Умар Раҳматов сохта шуда, дар ин мавзеъ бунёди ҳавзи шиноварӣ низ идома дорад. Иншооти мазкур дорои 12 ҷойи корӣ буда, беш аз нисфи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст.
Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода бо рафти сохтмони бинои истиқоматии бисёрошёна бо ташкил намудани маркази савдо ва хизматрасонӣ, воқеъ дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар шинос шуданд. Фармоишгари сохтмон Муҳамамадҷони Неъматулло буда, бинои мазкур дорои 25 ҳуҷра бо масоҳати умумии 1625 м2 мебошад.
Дар кӯчаи ба номи С. Айнӣ Сарвазири мамлакат ҳамзамон бо корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматии чорошёна, ки дар ошёнаи якуми он муассисаи таълимии томактабӣ ҷойгир хоҳад буд, шинос гардид. Кӯдакистон дорои 40 кат буда, аз 12 ҳуҷра иборат мебошад.
Шиносоӣ бо рафти сохтмони маркази ташхиси саломатӣ ва бинои истиқоматии ҳафтошёна бо маркази савдо дар кӯчаи ба номи С.Айнӣ низ ба барномаи сафари кории Сарвазир шомил буд. Маркази ташхиси саломатӣ дорои 20 кат буда, айни замон 80%-и корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст. Бинои истиқоматии ҳафтошёна, ки дар ошёнаи якуми он маркази савдо ва ошхона ҷойгир аст, аз 36 ҳуҷра иборат хоҳад буд.
Дар идомаи сафар Сарвазир ва раиси вилоят бо корҳои сохтмонӣ дар маркази перинаталӣ дар ҳудуди беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов шинос шуданд. Фармоишгари он ҶДММ “Ирфон-К” буда, бемористон дорои 32 кат аст. Қоҳир Расулзода таваҷҷуҳи масъулонро ба сифати корҳои сохтмонӣ ҷалб намуда, ҷиҳати дар муҳлати муайяншуда ба иҷро расонидани он дастур дод.
Дар шаҳри Бохтар Сарвазири мамлакат бо ҷараёни сохтмони корхонаи истеҳсоли дучархаҳо ва нассоҷӣ (ҷӯроббофӣ), ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Расул Соҳибназаров бунёд шуда истодааст, ошно гардид. Зикр шуд, ки ба умури сохтмонии корхонаи мазкур 20 бинокор ҷалб гардида, айни замон 65 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Бохтар бахшҳои муҳими хоҷагии халқ бо амалӣ кардани барномаҳои мушаххаси давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, ҳамчунин симои зоҳирии шаҳр куллан дигаргун гаштааст.
Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва тадбирҳои вобаста ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳри Бохтар сохтмони беш аз 300 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 79 иншоот бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Дар 105 иншооти дигар имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад.