Санаи 11 октябр, Анҷумани иқтисодӣ дар мавзӯи “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: имкониятҳо барои рушд” дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки муовини Сарваризи мамлакат Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо сухани ифтитоҳии худ ба иштирокчиён ва кори Анҷуман барору комёбӣ таманно намуд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои ташкили чунин чорабинӣ, ки ба рушди иқтисодиёти вилоят, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, ба кор даровардан ва бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, ба шуғл ҷалб гардидани захираҳои меҳнатӣ дар минтақа мусоидат менамояд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ изҳори миннатдорӣ кард. Зикр шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкории зич бо шарикони рушд ва ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ҷиҳати марҳила ба марҳила аз минтақаи аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ табдил додани вилояти Хатлон тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.
Илова ба ин, дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида, 456 миллион доллари амрикоӣ аз худ карда шудааст.
- Дар Маҷмӯи маҳсулоти минтақавии мамлакат ҳиссаи вилояти Хатлон 25 фоизро ташкил медиҳад, - қайд намуд Қурбон Ҳакимзода. - Ҳамзамон, дар рушди иқтисодиёти мамлакат дар соли 2018 ҳиссаи соҳаҳои саноат 31 фоиз, кишоварзӣ 49 фоизро ташкил медиҳад. 88 фоизи истеҳсоли нерӯи барқ, 60 фоизи пахта, 64 фоизи ғалладонагиҳо, 50 фоизи сабзавот ва 42 фоизи мева ба вилояти Хатлон рост меояд.
- марҳила ба марҳила баланд гардидани нишондиҳандаҳои болозикр дар вилоят тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст.
Айни замон дар соҳаҳои иқтисодиёти вилоят 1,6 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузориҳо, аз ҷумла 1,4 миллиард доллар сармояи мустақими хориҷӣ амалӣ гардида истодааст. Раиси вилоят изҳор дошт, ки барои ҳарчи бештар ҷалб намудани сармояи ватанию хориҷӣ ҳамкориҳо бо сармоягузорон вусъат ёфта истодаанд.
Дар вилоят ду минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара” дар масоҳати 521,3 гектар ва “Панҷ” дар масоҳати 401,6 гектар фаъолият дошта, айни замон дар минтақаҳои озоди иқтисодии болозикр мутаносибан 24 ва 16 субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз он ҷумла 13 адади онҳо бо ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ маҳсулот истеҳсол карда истодаанд. Дар субъектҳои дигар корҳои сохтмонӣ, насби таҷҳизотҳои истеҳсолӣ идома доранд.
Бо мақсади рушди соҳаи саноати шаҳри Кӯлоб тибқи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб дар майдони 309 гектар ташкил карда шуд. Ин минтақа дорои шароити хуби инфрасохторӣ барои ташкил намудани корхонаҳои истеҳсолӣ бо сармояи ватанию хориҷӣ мебошад. Афзалияти дигараш он аст, ки дар наздикии шоҳроҳ ва фурудгоҳи байналмилалӣ, роҳи оҳан қарор дорад.
- Имкониятҳо ва захираҳои истифоданашудаи вилояти Хатлон хеле зиёданд, - илова кард Қурбон Ҳакимзода. - Итминони комил дорам, ки Анҷумани имрӯза имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайнро фароҳам оварда, ҷиҳати истифодаи захираҳои мавҷуда, барои ворид гардидани сармояи шарикони рушд тавассути ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёддоштҳои тафоҳум, онҳо амалӣ мегарданд.
Пас аз маросими ифтитоҳи анҷумани иқтисодӣ ҷаласаи пленарӣ бо маърӯзаи Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, оғоз гардид.