Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Оғоз бахшидан ба азнавсозии роҳи мошингарди Муъминобод-Кӯлоб

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминобод нахуст аз иштирок дар маросими оғози Лоиҳаи "Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод" шурӯъ гардид.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тарҳи мазкур дар доираи марҳилаи сеюми "Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад.

Иҷрои ин лоиҳа, 214,4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Таъмиру навсозии 35 километр роҳ ва таҷдиди 6 пул низ дар доираи ҳамин лоиҳа сурат хоҳад гирифт.

Роҳи автомобилгади Кӯлоб-Муъминобод аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, давоми солҳои зиёд навсозӣ нашуда буд. Аз ин рӯ, ҳолати имрӯзаи ин роҳ ба талабот ҷавобгӯ нест ва боиси масрафоти зиёди роҳистифодабарандагон низ мегардид.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат, таҷдиди ин қисмати роҳ оғоз гардид, ки нишонаи возеҳи татбиқи муваффақонаи стратегияи баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани ҷумҳурӣ ба қаламрави воҳиди транзитӣ арзёбӣ мегардад.

Бояд зикр кард, ки ноҳияи Муъминобод аз минтақаҳои муҳими сайёҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, яке аз мавзеъҳои ташрифи сайёҳони хориҷӣ маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, ташкили инфрасохтори сайёҳиву бунёди роҳҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ кафолати ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад.

Аснои иштирок дар маросими оғози Лоиҳаи "Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод", Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро бобати бо суръату сифати баланд анҷом додани сохтмону азнавсозии роҳи мазкур вазифадор карданд. Зеро ба таъкиди Сарвари давлат, маҳз сифати тадбирҳои сохтмонӣ имкон фароҳам хоҳад овард, ки ин иншоот солҳои тӯлонӣ ба мардум хизмат кунад.

Оғози корҳои таъмиру таҷдид дар ин қисмати роҳи мошингарди Кӯлоб-Муъминобод, дар рӯзҳои таҷлил аз солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси фараҳмандии сокинони саодатманди ноҳияи Муъминобод гардида, онҳо барои талошҳои хастанопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рафъи мушкилоти иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоиста арзи сипосу миннатдорӣ карданд.