10-уми сентябр дар идомаи боздиди корӣ аз ноҳияи Муъминобод, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Муъминобод бинои наву замонавии Прокуратураи ноҳияро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Бино аз 3 ошёна иборат буда, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби 35 нафар коргари маҳаллӣ сифатан хуб ба анҷом расонида шуданд.
Дар бинои хуштарҳу замонавии Прокуратураи ноҳияи Муъминобод 10 утоқҳои корӣ, як маҷлисгоҳ ва хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот баҳои арзанда дода, онро туҳфаи Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони прокуратура тақозо карданд, ки ба волоияти қонун арҷ гузошта, вазифаҳои хизматии хешро содиқонаву софдилона дар назди халқу Ватан анҷом диҳанд.