Нахуст раиси вилоят дар даромадгоҳи ноҳияи Вахш аз мавзеъи сохтмони дарвозаи ноҳия дидан намуд. Бо тарҳ ва намуди зоҳирии дарвоза таваҷҷуҳ карда, ҷиҳати хубтар ва бо сифати баланд сохтани он тавсияҳо дод. Ҳамзамон раиси вилоят ба мавзеъи ҷойгиршавии майдони парчами миллӣ ва нишони давлатӣ шинос шуда, дастур дод, ки барои бунёди нишони давлатӣ ва парчами миллӣ майдони он васеътар карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки майдони парчами миллӣ ва нишони давлатӣ дар назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ноҳия муайян гардидааст. Тибқи лоиҳаи сохтмонӣ парчами миллӣ ва нишони давлатӣ, дар майдони он гулгуашт бо гулу буттаҳои ороиши ва фавораҳои маҷзананда ба нақша гирифта шудааст, ки симои ноҳияро зеботар мегардонад. Таъмиру таҷдиди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш низ ба нақша гирифта шудаст. Дар рӯзхои наздик корҳои сохтмонии он оғоз меёбад.
Дар идомаи сафари кории худ раиси вилоят аз вазъи бинои фарҳанг ва толори кинои ноҳия дидан намуд. Зикр шуд, ки дар тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ дар ҳамин толор гузаронида мешавад. Ба ин хотир бино ва толор таҷдид мехоҳад. Барои азнавсозӣ кардани бинои толори кино даструҳои мушахас дода шуд.
Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Вахш ба номи Мирзо Турсунзода, дар ҳолати барқарорсозӣ мебошад. Раиси вилоят зимни боздид, зикр намуд, ки боғ бо тарҳи замонавӣ таҷдид гардида, пайкараи қаҳрамони халки тоҷик Мирзо Трусунзода дар даромадгоҳи он гузошта шавад. Ҳамчунин раиси вилоят зикр намуд, ки барои муҷасамаи асосгузори давлатӣ тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ мавзеъ муайян ва муҷасама гузошта шавад.
Дар идомаи сафари кори раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашни Нишони давлатӣ ва Парчами миллии ноҳияи Кӯшониёд дидан намуд. Ба рафти корхои сохтмонӣ аз наздик шинос гардида, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушахас дод.
Яке аз иншооти ҷашнии дигари ноҳияи Кӯшониён боғи фарҳангию фароғатии ноҳия мебошад, ки масоҳати бештар аз 6 гектаро дар бар мегирад. Тибқи лоиҳаи сохтмонӣ боғи фарҳангию фароғатӣ баъди пурра таҷдид гардиданд, яке аз маконҳои асосии сайру гашти сокинон мегардад. Раиси вилоят ба корҳои сохтмонии боғ баҳои ғайриқаноатбахш дода, супориш дод, ки ҳарчи зудтар ва босифати баланд корҳои сохтмонӣ анҷом дода шавад.