Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Календарь событий

21 June 2021

Боздид аз намоишгоҳи аҳли заҳмати вилояти Хатлон дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара

17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар хоҷагии деҳқонии “Ҳусайнӣ”-и деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара аз намоишгоҳи хоҷагидорону кишоварзони вилояти Хатлон дидан карданд.

Мулоқот бо сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и ноҳияи Вахш

15 июн Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии зарардидагон ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиии рӯзи 11 май ба вуқӯъомада, дар деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон” бо сокинони зарардидаи деҳаҳои ноҳияи Вахш мулоқоти озоду самимӣ доир карданд.

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб ва зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва боздид аз ҷараёни барқарорсозии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.

Ба истифода додани хатти оби нӯшокии деҳоти Боғпарвари ҷамоати Оқсуи ноҳияи Данғара

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали Лоиҳаи хатти оби нӯшокии деҳоти Боғпарвари ҷамоати Оқсуи ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд.

Дар деҳоти Боғпарвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тоб додани ҷумак ба фаъолияти марҳилаи аввали ин шабакаи обрасонӣ оғоз бахшиданд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боғи фарҳангӣ-фароғатии “Симурғ” дар деҳоти Оқсу ноҳияи Данғара

16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара боғи фарҳангӣ-фароғатии “Симурғ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Симурғ” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Салимов Ромиш дар масоҳати 7 гектар, бо дарназардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд карда шудааст.