БО ДАСТУРИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА 300 КОРМАНДИ СОҲАИ ТИБ МАВОДИ ОЗУҚА ДАСТРАС КАРДА ШУД
Опубликовано Вт, 05/12/2020 - 11:44Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба 300 нафар табибон, кормандони миёнаи тиб, ҳайати хизматрасон ва онҳое, ки ба маъракаи мубориза алайҳи пандемияи COVID-19 дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ҷалб гардидаанд, маводи озуқа дастрас карда шуд.
Ин кумакҳо бо мақсади дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи тиб, ки дар беморхонаҳои барои муолиҷаи беморони сироятии коронавирус ва илтиҳоби шуш муайяншуда заҳмат мекашанд, нигаронида шудааст.