«UZ Textil Expo- 2018»

  Аз 5 то 7-уми сентябри соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Намоишгоҳи байналмилали дар соҳаи саноати сабук ва бофандаги «UZ Textil Expo- 2018» баргузор гардид .

Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон – 2018

Рӯзи 10-уми августи соли равон иштироки аъзоёни Палатаро бо молу маҳсулотҳояшон аз вилоят соҳибкор- асалпарвар Қосимов И. аз шаҳри Бохтар, КВД «Зари Кӯлоб»-и шаҳри Кӯлоб, ҶДММ «Шифочой»и ноҳияи Муминобод, ҶСК «Хуҷа Мумин»-и ноҳияи Восеъ ва ҶДММ «Ҳазориспанд»-и ноҳияи Ш.Шоҳин дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон – 2018», ки аз рӯзи 10 то 13-уми августи соли равон дар бинои  МД «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид таъмин намудем.

Шӯрои якуми кории Тоҷикистону Қазоқистон

 Рӯзи 9 августи соли равон иштироки аъзоёни Палата аз вилоят ҶСШК «Трансформатор»-и шаҳри Бохтар, ҶСП «Аввалин»-и ноҳияи Қубодиён, ҶДММ «Фабрикаи мурғпарварии Беҳамто»-и ноҳияи Ёвон  дар  Шӯрои якуми кории Тоҷикистону Қазоқистон ва инчунин дар ҳамоиши (бизнес – форум) доираи соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон бошад 12 соҳибкорон ва моҳипарварон дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуданд.

Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Рӯзи 7-уми  августи соли ҷори  лоиҳаи Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (АРБИМА) оид ба рақобатпазирӣ, савдо ва таъсиси ҷойҳои корӣ «CTJ» дар Осиёи Марказӣ дар якҷояги бо Палатаи савдо ва саноати вилоят бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, «Форуми тиҷоратии кишоварзии Хатлон – 2018»-ро дар ноҳияи Хуросон доир намуданд.

«Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ»

Рузи 2 августи соли равон бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ»,  Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва  Палатаи савдо ва саноати вилоят бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Намоишгоҳ - озмуни вилоятии «Бонуи ҳунарманд»-ро дар саҳнаи «Кохи Ватан»-и шаҳри Бохтар баргузор намуданд.

озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин» дар вилояти Хатлон

  Рӯзи 20-уми июли соли ҷорӣ Палатаи савдо ва саноати вилоят  дар баргузории озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин» дар вилояти Хатлон, ки рӯзи 21-уми июл дар майдони «70-солагии Водии Вахш»-и шаҳри Бохтар бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор намудем.

Бизнес - форуми соҳибкорони вилояти Хатлон ва вилояти Сурхандарё

Намоишгоҳи молҳои истеҳсоли вилояти Хатлон ва Бизнес - форуми соҳибкорони вилояти Хатлон ва вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Термез рӯзҳои 13-14-уми июли соли 2018.       

Вохӯрии судманд

Рӯзи 6-уми июли соли равон муовини директори кулли Палата бо Давид Вездени коршинос оиди тарақии соҳибкории хурду миёна вохӯри доир намуд.  Дар вохӯри оиди  самтҳои кори Палата гузаронидани намоишгоҳҳо бизнес- форумҳо ва семинару тренингҳо инчунин ҳамкориҳо бо Палатаҳои хориҷӣ ва аъзоёни Палата гуфтугуҳо ба анҷом расонида шуд.

Бизнес – форум

Рӯзҳои 2-4-уми июни соли ҷорӣ  директори  кулли Палата  дар Бизнес – форуми байналмилалӣ ва Намоишгоҳи истеҳсолоти миллии саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар шаҳри Термизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид иштирок намуданд.       

Тақвими Намоишгоҳҳои байналмилалӣ

Тақвими  Намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ки  дар мавсими тирамоҳ дар маркази намоишгоҳии  «Узэкспоцентр»-и Ҷумҳурии Узбекистон   баргузор мегардад аз он ҷумла:

 

Pages