Санаи 7 ноябри соли 2022, Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҷабов Ҳайдар дар доираи сафарашон ба Ҷумҳурии Корея, ки барои иштирок дар Форуми табодули иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Корея (7-8 ноябри соли 2022) ташриф бурдаанд, аз Маркази байналмилалии намоишгоҳии (Kintex) -и Корея дидан намуда, бо роҳбарияти маркази мазкур вохўрӣ доир намуданд.
Зимни вохўрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондан ва рушди ҳамкориҳои муштарак дар самти баргузории намоишгоҳҳои мухталиф дар кишварҳои якдигарро мавриди баррасӣ қарор дода, дар фарҷоми мулоқот, бо мақсади танзими ҳамкориҳои минбаъда Ёддошти тафоҳум миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии намоишгоҳии (Kintex) -и Кореяро ба имзо расониданд.
Инчунин, бояд қайд намуд, ки Маркази байналмилалии намоишгоҳии (Kintex) -и Корея яке аз ташкилотҳои бонуфуз дар самти ташкил намудани намоишгоҳҳо буда, дорои таҷрибаи калон оид ба баргузории намоишгоҳҳо дар кишварҳои хориҷ мебошад.