Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Мулоқоти Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи савдо ва саноати шаҳри Болу (Туркия)

29-уми июли соли 2022, Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамова Манзура Акрамовна бо Раиси Палатаи савдо ва саноати шаҳри Болуи Туркия - Туркер Атеш ва Менеҷери Минтақаи махсуси саноатии мутишаккили саноатии омехта ва нассоҷии минтақаи Болу Мустафо Гулен вохӯрӣ намуд.

Қабл аз оғози вохурӣ, Муовини Раис меҳмонони ташрифнамударо хайра мақдам намуда, ба онҳо дар роҳи фаъолияти минбаъдаашон тамоми дастовардҳои беназирро таманно намуданд. Зимни вохурӣ Рустамова Манзура оид ба фаъолият ва нақшаҳои ояндаи Палата дар самти баргузории намоишгоҳҳо, Бизнес-форумҳо ва дигар чорабиниҳои тиҷоратӣ ба онҳо маълумот дод. Ҳамчунин ӯ аз меҳмонҳо даъват ба амал овард, то ҷиҳати иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Болу зимни баргузории чорабиниҳои тиҷоратии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршаванда, мусоидат гардад.

Ҷаноби Туркер Атеш баргузории чорабниҳои зикргардидаро дар самти рушди фаъолияти бахши хусусӣ иқдомҳои нек шуморида, қайд намуд, ки барои иштироки ширкату корхонаҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Туркия дар чорабиниҳои тиҷоратии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршаванда, чораҷўӣ менамоянд.

Инчунин, Муовини Раис дар рафти мулоқот ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими Туркия ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар, бунёди корхонаҳои муштарак, имкониятҳои сармоягузории ҷумҳурӣ, имтиёзҳои пешбинӣ намудаи Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии соҳибкорону сармоягузорон ва рушди табодули молу маҳсулот миёни кишварҳои якдигар ба меҳмонон маълумотҳои мушаххасро ироа намуда, ба меҳмонон Роҳнамои тиҷоратиро пешниҳод намуданд..

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои тарафайн анҷом ёфт.