19.01.22 Сафари гурӯҳи пиллакорони вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон як гурӯҳи корӣ, ки дар он пиллакорони вилоят, роҳбарони корхонахои пиллапарварӣ, хоҷагиҳои деҳқоние, ки ба хуроки пилла сару кор доранд, ба ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати таҷриба андӯхтан аз рушди соҳаи пиллапарварӣ сафар намуданд.
Нахуст иштирокчиён аз фаъолияти хоҷагии фермерии “Ипак”и ин ноҳия, ки самти асосиаш тутпарварӣ мебошад, ошнои пайдо намуданд. Хоҷагии мазкур яке аз калонтарин хоҷагиҳои фермерии тутпарвар дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳсуб мешавад, ки 240 навъи дарахти тут аз 20 кишвари дунё овардаву ба иқлими ин минтақа мутобиқ гардонида шудааст.
Имрӯзҳо дар майдони беш аз 10 гектар замини ин хоҷагӣ навъҳои серҳосили тухми тут кишт карда шудааст, ки аллакай нашъу намои хуб доранд. Ба пиллапарварони вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар майдон беш аз 6 миллион ниҳоли тут корида шудааст, ки баъди аз як сол ба фуруш омода мегардад.