Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Сафари гурӯҳи пиллакорони вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеояд, ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ, бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилоят ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон як гурӯҳи корӣ, ки дар он мудири шўъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгохи раиси вилоят Зуҳурзода М., директори кулли Палатаи вилоят, роҳбари идораи “Пиллаи Тоҷик” дар вилоят Қурбонов А., пиллакорони вилоят, хоҷагиҳои деҳқоние, ки бо парвариши дарахти тут ва пиллапарвари сару кор доранд, рўзҳои 18 то 20 январи соли 2022-ум ба ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷони Ҷумҳурии Ўзбекистон ҷиҳати таҷриба андӯхтан аз рушди соҳаи пиллапарварӣ сафар намуданд.

Рўзи 19.01.2022 ҳайати гурӯҳи корӣ нахуст аз корхонаи “Сафир​ - саноат”,​ ки​ дар ин ҷо ашёи хоми пилла то сатҳи ниҳоӣ коркард карда мешавад, дидан намуданд. Роҳбаладон меҳмононро бо дастгоҳои истеҳсолии корхона, ки аксарашон аз Ҷумҳури марудуми Чин ворид ва насб гардида аст, шинос намуданд.​ Иттилоъ дода шуд, ки​ иқтидори солонаи корхона 200 тонна буда, дар он беш аз 100 нафар занону бонувон фаъолият намуда, навъҳои гуногуни маҳсулоти абрешимиро истеҳсол мекунанд. Аз ҷумла дар ин корхонаи саноатӣ нахи абрешимӣ ва ришта итеҳсол гардида, ба кишварҳои Аврупо содирот карда мешавад.

Ҳамзамон ҳайати гурӯҳи корӣ аз корхонаи ҷамъияти саҳомии кушодаи “Асака Силк форм” дидан карданд. Аслан ин коргоҳ ҳамчун макони захираи тухмиҳои кирмак​ шинохта мешавад.​ Дар яхдонҳои ин корхона, тухмиҳои навъи элита ва чиннӣ, ки аз серҳосилтарин навъи тухмиҳо арзёбӣ мегарданд, нигоҳ дошта мешавад.​ Гуфта шуд, ки кор дар ин ҷо ба таври мавсимӣ буда, беш аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб мегарданд.​ Ҳамчунин навъҳои дигар тухмии кирмак аз хоҷагиҳои пиллапарварии вилоят ба​ ин ҷо оварда шуда, тухмӣ аз пилла ҷудову вобаста ба навъҳо захира карда мешавад.

Дар идома гурӯҳи корӣ аз корхонаи муштараки Ӯзбекистону Чин “Andijan Silk.Co” дидан карданд. Иттилоъ дода шуд, ки ин коргоҳ давоми 4 сол инҷониб фаъолият дошта, дар ин ҷо коркарди пиллаи хушк ба роҳ монда шуда, аз он маҳсулоти абрешимӣ истеҳсол шудаву ба хориҷи кишвар содирот мегардад. Дастгоҳҳои ресандагӣ ва дӯзандагӣ бо маблағи 2,1 миллион доллар дар Чин истеҳсол шудааст, ки барои коркард ба ин дастгоҳҳо 300 нафар сокинони маҳаллӣ дар ду баст ба кор ҷалб гардидаанд. Тибқи иттилоъ корхона имкон дорад, ки солона 300 тонна пилларо коркард кунад. Ҳамчунин лоиҳаҳои рушди кирмакпарварӣ,истеҳсоли чарму пойафзол,масолеҳи сохтмонӣ, ришта ва матоъ ба меҳмонон муаррифӣ карда шуд. Чанде аз роҳбарони корхонаҳои пиллапарварии вилояти​ Хатлон, ки шомили ин гурӯҳ буданд, баъд аз дидани чунин имкониятҳо азм гирифтанд, ки дар вилояти Хатлон чунин корхонаҳои истеҳсолиро дар доираи солҳои рушди “Саноат” амалӣ хоҳанд кард.​ ​

Дар натиҷаи вохўрии доир гардонида, дар дафтари кории Палатаи минтақавии савдо ва саноати вилояти Андиҷон, директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо сардори Палатаи мазкур, бо мақсади мусоидати бештар дар рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ширкату соҳибкорни вилоятҳо, байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва Палатаи минтақавии савдо ва саноати вилояти Андиҷон, ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.

Сипас ҳайати вилояти Хатлон аз дастовардҳои ширкату соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Андиҷон, ки дар толори намоишгоҳии бинои Палатаи минтақавии савдо ва саноати вилоят, ки дар ҳар ғуруфа дар алоҳидаги муаррифӣ карда шуданд дидан намуданд.

Вохӯрию мулоқотҳо ва чорабиниҳои баргузор гардида, манфиатбахш ва дар сатҳи баланд ташкилу баргузор гардида, ҳайати намояндагон мо бо таассуроти қаноатмандӣ баргаштанд.