Дар Ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020», ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардид, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода бо муассис ва раиси Abraham Business Circle (Шурои сармоягузорони Абраҳам) доктор Рафаэл Нагел мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ тақвияти ҳамкорӣ бо Шӯрои мазкур дар ҷалби сармоя дар соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва омода намудани мутахассисон дар соҳаи меҳмондорӣ ва сайёҳӣ дар заминаи платформаи омӯзишии маҷозии PhD Studies, ки бо донишгоҳҳои Британияи Кабир ва Аврупо пайваст аст, муҳокима гардид.
Мусоҳиб таъкид намуд, ки дар асоси лоиҳаи озмоишӣ ва мувофиқаи дуҷониба омодааст дар заминаи платформаи омӯзишии маҷозии PhD Studies ҷиҳати омода намудани мутахассисони бакалавр ва ё магистри соҳаи меҳмондорӣ ва идоракунии сайёҳӣ мусоидат намояд.
Тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар ин самт ҳамкориро ҷоннок намуда, дар муҳлати кутоҳтарин лоиҳаи озмоиширо ҷиҳати омода намудани мутахаасисони соҳаи сайёҳӣ оғоз менамоянд.