Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

РАИСИ ВИЛОЯТ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА АЗ ҚИТЪАҲОИ ПАХТАЗОРИ ҶСП «ҶУНТАЙ ХАТЛОН СИН-CИЛУ» ДИДАН НАМУД

Зимни сафари корияш раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Дӯстӣ нахуст ба корхонаи ҶCП “Ҷунтай — Хатлон – Синсилу” ташриф оварданд. Дар ин корхона аз тарафи намояндагии Лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” ба кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ 34 адад тракторҳои гуногунтамға ва мошинолоти соҳаи кишоварзӣ дастрас карда шуд. Гуфта шуд, ки ҳадафи лоиҳа беҳтар намудани дастрасии ҷомеаҳо ба инфрасохтори истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ мебошад, ки ба истеҳсоли устувори маҳсулоти кишоварзӣ ва ба даст овардани даромад мусоидат мекунад. Раиси вилоят зимни тақдими техникаву дигар мошинолоти кишоварзӣ ёдовар шуданд, ки роҳбарияти ҳукумати кишвар бо мақсади таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзӣ пайваста мардуми кишоварзро дастгирӣ менамоянд ва дар доираи ин лоиҳа таъмин шудани кишоварзон бо техникаи лозима аз ҷумлаи ин тадбирҳо ҳисобида шуда, ҷавобан ба ин дастгириҳо хоҷагидоронро лозим меояд, ки аз шароиту имконияти мавҷуда пурсамар истифода намоянд ва дар афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъмини фаровониву арзонӣ, беҳдошти вазъи иқтисодии хоҷагиҳо, дар маҷмӯъ рӯзгори худу ҳамватанон саҳмгузор бошанд.

 

Мавриди зикр аст, ки барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо дар ин рӯз ду ҷамоати калонтарини ноҳия, ҷамоатҳои деҳоти Навзамин ва 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон экскваторҳои тасмачарх таъмин карда шуданд. Дар вазъияти хотирмон ҳамчунин ба сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз тарафи намояндагии Лоиҳаи “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” тракторҳои гуногунтамға тақдим карда шуд.

 

Боздиди раиси вилоят аз корхонаи ҶCП “Ҷунтай — Хатлон — Синсилу” дар доираи рӯзи “Корвони сурх” сурат гирифта, дар ин рӯз даҳҳо техникаҳои пурбор аввалин тоннаҳои пахтаро бо мақсади коркард вориди ин ҷамъият намуданд. Заҳматкашони ноҳияи Дӯстӣ дар ҷодаи кишт, парвариш ва истеҳсоли пахта таҷрибаи хуби деҳқонӣ доранд ва соли равон ҳадаф доранд, ки дурнамои истеҳсоли пахтаро бо сарбаландӣ таъмин намуда соли ҷашни таърихии миллат 30 — солагии Истиқлолияти давлатии кишварро бо дастоварди хуби меҳнатӣ истиқбол намоянд. Зимни боздид аз ин чамъият ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур дар як шабонарӯз иқтидори коркарди 300 тонна ашёи хомро дорад ва маҳсулоти коркардшуда барои таъмини ҶСП насоҷии “Ҷунтай Синсилу” Данғара интиқол дода мешавад. Дар ин корхона беш аз 60 нафар кормандон дар ду баст фаъолият мекунанд ва бо шароити хуби таъминанд.

 

Дар саҳни ҷамъияти мазкур раиси вилоят аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии заҳматкашони ноҳия дидан намуд. Дар ин намоишгоҳ даҳҳо номгӯи маҳсулоти соҳа аз ҷумла пахта, тухмиҳои аълосифати пунбадона, маккаи дон, полезиҳо, ангур ва дигар маҳсули заҳмати кишоварзон ба намоиш гузошта шуда, аз меҳнати аҳлонаи хоҷагидорон дарак медод. Дар вазъияти хотирмон раиси вилоят меҳнати чанде аз фаъолони истеҳсолотро бо сипоснома қадр намуда, барояшон саломатӣ ва бурдборӣ таманно намуд.

 

Қурбон Ҳакимзода ва дигар ҳайати гуруҳи корӣ аз қитъаҳои пахтазори ҶCП “Ҷунтай — Хатлон — Синсилу” ки дар масоҳати 3000 гектар кишт ва мавриди парвариш қарор гирифтаанд, дидан намуданд. Пахтазори хоҷагӣ чуноне мушоҳида карда шуд, ғарқи ҳосил буда, даҳҳо нафар чинакчиён ва техникаҳои пахтағундор барои ҷамъоварии ҳосил сафарбар шудаанд.