10 июни соли 2021 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» Форуми III соҳибкорони корхонаҳои нассоҷӣ ва дузандагӣ – аъзои ИРБаХТ баргузор гардид. Мавзӯи асосии Форум «Коркарди нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири ниҳоии содиротӣ ва воридотивазкунанда, рушди соҳаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ ва дузандагӣ – самти афзалиятноки саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Тоҷикистон» буд.
Дар кори Форум намояндагон аз вазорату идораҳои дахлдори кишвар, ширкату корхонаҳо ва шарикони рушд ширкат намуданд. Форумро Раиси Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон – Раҷабов Файзалӣ бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозиринро хайрамақдам намуд. Ҳамчунин дар қатори дигар вазорату идораҳои ширкаткунанда, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед суханронӣ намуда, қайд карданд, ки чунин чорабиниҳо барои рушди соҳаи саноати сабук дар кишвар саҳми хело ҳам арзанда мегузоранд.
Пас аз анҷоми суханрониҳои ифтитоҳӣ маърӯзаҳо оид ба рушду пешрафти соҳа ва мушкилоти ҷоийдошта, омилҳои такондиҳандаи самаранок истифода бурдани имкониятҳои мавҷудбуда шунида шуд. Дар маърӯзаҳо ҳамчунин оид ба хусусиятҳои фарқкунандаи талаботи бозори имрӯзаи саноати сабук ва натиҷаҳои пешакии тадқиқот оид ба мавқеъгирии маркетингии қолинҳои дастбоф, маснуоти нассоҷии дорои нақшу нигор дар бозорҳои хориҷӣ, суханронӣ карда шуд.
Дар Форум аз ҷамъбасти озмуни ИРБаХТ натиҷагирӣ карда шуда, ба ғолибони он тӯҳфаҳои арзанда супорида шуд. Дар маросими тӯҳфасупорӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед ширкат намуда, ба ғолиби озмуни «Тарроҳи либоси беҳтарин» дар байни тарроҳони корхонаҳои дузандагӣ тӯҳфаҳои арзанда тақдим намуд.
Инчунин дар доираи Форум намоиши корхонаҳои саноати сабук низ баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки соҳаи саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, он барои рушду пешрафт ва некуаҳолии кишвар муҳим арзёбӣ мегардад.
Бинобар ин, рушди соҳаи мазкур ҳамешагӣ таҳти назорат ва ғамхориҳои бевоситаи роҳбарияти Олии кишвар буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушд ва дастгирии самти мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Бояд қайд намуд, ки дар рушди соҳаи саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдори кишвар, ҳамчунин шарикони рушд аз ҷумла: Маркази Тиҷорати Байналмилалӣ (ITC), GIZ лоиҳаи TRIGGER II ва ғайра саҳми назаррас доранд