Рўзи 30 апрели соли 2021 тахти рохбарии директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Сайфидинов Ф.А., аъзоёни Палата ва сохибкорони вилояти Хатлон, дар хайати рохбарон ва намояндагони ЧДММ «Али»-и шахри Бохтар, хочагии дехконии «Бародарон» ва ЧДММ «Дук»-и нохияи Шахритуз, хочагии дехконии «Файз»-и нохияи Чайхун, хочагии дехконии «Дилбар»-и нохияи Н.Хусрав, ЧДММ «Насими Кўхсор»-и нохияи Вахш, сохибкори инфироди «Авалов Шахзод» аз нохияи Кубодиён ва сохибкори инфироди Хочаев Т. аз нохияи Панч, ки ба самти парвариш ва истехсоли махсулотхои кишоварзи ва коркарди он машгуланд, дар Намоишгохи байналмилалии «UzFood-2021», ки дар шахри Тошканди Чумхурии Ўзбекистон доир гардид, иштирок намуданд.
Тибки иттилои гирифтаамон сохибкорони мо дар кори намоишгохи мазкур иштироки фаъолона намуда, бо рохбарон ва намояндагони ширкатхое, ки дар намоишгох молу махсулотхои истехсолкардаи худро ба намоиш гузоштаанд, як катор вохўрихо баргузор намуданд.
Дар назар аст, ки сохибкорони мо аз як катор корхонаю ширкатхои вилояти Тошканд дидан карда, бо кор ва фаъолияти онхо шиносои пайдо менамоянд.