Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ДОИРАИ СОҲИБКОРОН

Рӯзи 25-уми декабри соли 2020, дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо доираи соҳибкорони вилоят ҷараён дорад.

 

Қабл аз оғози мулоқот раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо ҷамъи ҳамроҳонаш аз намоиши маҳсулоти тавлидии корхонаҳои саноатии шаҳру навоҳии вилоят, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, намунаҳои маҳсулоти корхонаҳои коркарди ширу гӯшт, амсилаи бозсозии хиёбонҳои марказии шаҳри Бохтар, инчунин маҳсулоти истеҳсоли коргоҳҳои соҳибкорони инфиродӣ дидан намуданд.

Пасон, дар толори Кохи фарҳанг мулоқоти раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо соҳибкорон доир гардид. Дар ин мулоқот дар баробари соҳибкорони ватанӣ, роҳбарони ширкатҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои саноатӣ, сармоягузорони хориҷӣ, инчунин роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ ширкатдоштанд.

Дар вохӯрии имрӯза, ки ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти касбиисоҳибкорон дар роҳи ободии Ватан сурат гирифт, қайд шуд, ки соҳибкорони бонангу номуси вилояти Хатлон бо дарки амиқи масъулият барои имрӯзу ояндаи кишвар ва пешрафти давлат кӯшиш мекунанд, дар раванди ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёди мактабу муассисаҳои тиббию фарҳангӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, хулоса, дар таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ саҳмгузор ҳастанд.

— Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд, ки бойигарии асосии Тоҷикистон на сарватҳои табиӣ, балки фарзандони бонангу номусаш, аз ҷумла Шумо – соҳибкорону бунёдгарони Ватан ҳастед, — таъкид намуд раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. — Фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ, шуғли аҳолӣ ва истеҳсолоти ватанӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Соли 2020 дар вилоят бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таъмини иҷрои барнома ва дурнамоҳои пешбинишуда корҳои муайяне анҷом дода шуда, сарфи назар аз таъсири манфии пандемияи бемории коронавирус ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, нишондиҳандаҳои соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар вилоятамон бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст шуда истодааст.

Тавре ки раиси вилоят қайд намуд, дар 11 моҳи соли 2020 нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,9 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 1 миллиарду 383,4 миллион сомонӣмаблағ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 11,7 миллион сомонӣзиёд буда, дар ин ҷода соҳибкорон низ саҳми арзанда доранд.

Тибқи нишондодҳо, зиёда аз 75 фоизи даромади буҷети вилоятро ҳиссаи бахши хусусӣ ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб соҳибкорони хурду миёнае, ки дар асоси патенту шаҳодатнома фаъолият мебаранд, ба буҷети вилоят 1 миллиарду 37 миллион сомонӣ маблағ ворид намудаанд.

Дар соли 2020, аз 60,3 ҳазор ҷойҳои нави кории аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо таъсис додашуда, 39,3 ҳазори он ба бахши хусусӣ рост меояд.

Аз ҷониби бонкҳои тиҷоратии дар вилоят фаъолияткунанда дар соли сипаригардида ба соҳибкорон ва аҳолӣ 1 миллиарду 413,2 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дода шудааст, ки нисбати соли 2019-ум 289,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Айни замон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 38 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, маблағи умумии азхудшуда 448,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ, то 1 январи соли 2020 ҳаҷми сармояи хориҷии ба вилоят воридшуда 1,6 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки 1,4 миллиард доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.

Таҳлили воридоти сармояи хориҷӣ нишон медиҳад, ки ба вилоят аз 31 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардидааст, ки бештари маблағҳо ба давлатҳои Россия 37,8 фоиз, Чин 30,7 фоиз, Эрон 16,9 фоиз ва Аморати Муттаҳидаи Араб 5,0 фоиз рост омада, айни замон дар вилоят 48 субъекти соҳибкорӣ бо ҷалби беш аз 384 миллион доллар сармояи хориҷӣ фаъолият доранд.

Тавре ки қайд гардид, дар соли 2020 4 лоиҳаи пешниҳоднамудаи соҳибкорони хатлонӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маблағи 21,3 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт.

Дар маҷмӯъ, собиқ Фонди дастгирии соҳибкорӣ аз оғози фаъолияти худлоиҳаҳои сармоягузории 77 субъекти соҳибкории вилоятро барои гирифтани қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 116,9 миллион сомонӣ дастгирӣ намудааст.

— Яке аз дастгириҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд соли охир эълон гардидани мораторий дар хусуси аз тафтишу санҷишҳои гуногун озод намудани фаъолияти соҳибкорӣ мебошад, — идома дод раиси вилоят Қ. Ҳакимзода. — Айни замон дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» дар вилоят 506 субъекти соҳибкории истеҳсолӣ ба мораторий фаро гирифта шудааст.

Дар мулоқот ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 88 адад коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ бо таъсиси 891 ҷойи кори доимӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Фаъолияти ин коргоҳҳо асосан ба истеҳсоли маҳсулоти семент, нахи пахта, барқ, орд, коркарди меваю сабзавот, шир, қаннодӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводҳои бастубанди тиббӣ ва дӯзандагӣ равона гардидааст.

Ҳоло шумораи корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба 623 адад расида, аз тарафи корхона ва коргоҳҳои дар соли 2020 ба истифодадодашуда ба маблағи умумии 36,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид ва аз ин ҳисоб маблағҳои иловагӣ ба буҷет ворид шуд.

Дар вилоят бо ба кор андохтани навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай Синсилу Данғара», барои коркарди саноатии қариб 15 ҳазор тонна нахи пахта ва бо иқтидори солонаи 12 ҳазор тонна ришта, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафи саноатикунонии мамлакат заминаи устувор гузошта шуд.

Ҳамзамон корхонаҳои “Хуаксин Ғаюр семент” ва “Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон, ки ба истеҳсоли семент машғул мебошанд, 753 нафарро ба шуғл фаро гирифтаанд.

Корхонаҳои мазкур дар соли 2020-ум 2,5 миллион тонна семент ба маблағи 886,8 миллион сомонӣ истеҳсол намуда, дар маҷмӯъ, ба буҷетҳои дахлдор 171 миллион сомонӣ маблағ пардохт намуда, саҳми худро дар саноатикунонии мамлакат гузошта истодаанд.

Қайд гардид, ки бинобар сабаби дар вилоят мавҷуд набудани марказҳои логистикии ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, кам будани шумораи марказҳо ва коргоҳҳои бандубасти маҳсулоти тайёр ва анбору сардхонаҳо, соҳибкорони вилоят мавқеи худро дар бозорҳои хориҷи кишвар мустаҳкам намуда наметавонанд. Фаъолияти соҳибкорӣ дар ин самт манфиатовар буда, ба рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ мусоидат карда метавонад. Соҳибкорон танҳо бо шарти ба роҳ мондани истеҳсолоти ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ, ташкили сардхонаҳо ва омӯзиши талаботи истеъмолкунандагони бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ метавонанд фоидаи хуб ба даст оранд.Дар ин раванд, ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо дар соҳаҳои растанипарварӣ ва маҳсулнокии чорво бисёр муҳим мебошад.

Солҳои охир аз тарафи соҳибкорони ватанӣ чорвои зотӣ ва наслдиҳандаи сергӯшту сершир аз давлатҳои Олмон, Федератсияи Россия, Украина ва Белорусия ба вилоят ворид карда шуд.

Ин тадбирҳо имконият медиҳад, ки тадриҷан қобилияти ирсии зотҳои дар вилоят парваришёбанда сифатан беҳтар гардида, ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ мусоидат намояд.

Солҳои 2018-2020 аз тарафи соҳибкорони вилоят 6 фермаи парандапарварӣ сохта ба истифода дода шуд, ки имконияти парвариши 780 ҳазор сар паранда ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо гӯшти хушсифат ва тухмро доранд.

Дар натиҷа, тибқи омори гумрукӣ, ба ҳудуди вилояти Хатлон воридоти гӯшти мурғ 30 фоиз кам гардида, тухми паранда умуман ворид нагардидааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳаи парандапарварӣ рушд карда истодааст.

Раиси вилоят бо ҳисси қаноатмандӣ таъкид намуд, ки саҳми соҳибкорон дар рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманд, баргузории тӯйҳои дастаҷамъонаи фарзандони оилаҳои камбизоат, кӯмак ба ятимон, маҷрӯҳон, пиронсолон хеле назаррас аст.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ вобаста ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, корҳои ободониву созандагӣ муташаккилона идома доранд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди 7667 адад биною иншоотҳо ва корҳои ободонию созандагӣ ба нақша гирифта шуда, бештари онҳоро соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ менамоянд.

Соли 2020 соҳибкорони вилоят 2008 адад биною иншоот ва корхонаю коргоҳҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолиро ба маблағи 506,2 миллион сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор доданд.

Дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷумла бо саҳми соҳибкорон 3653 километр роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 264 километр таъмири асосӣ, 2937 километр таъмири ҷорӣ ва 452 километр сангфаршро ташкил медиҳад. Барои корҳои иҷрошуда соҳибкорони вилоят 153,8 миллион сомонӣ маблағгузорӣ кардаанд.

— Мо хуб дарк менамоем, ки дар назди соҳибкорони мо мушкилоти ҳалталаб зиёданд, — гуфт раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. — Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ташаббусу пешниҳодҳои созандаи соҳибкоронро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо тамоми шароити мусоидро муҳайё менамояд.

Дар ин мулоқот як зумра соҳибкорони маҳаллӣ доир ба роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ, омодагӣ иштирок дар корҳои ободонию хуррамгардонӣ, бунёди корхонаю коргоҳҳо, бартараф сохтани баъзе монеаҳо дар роҳи рушди соҳибкорӣ баромад карданд. Онҳо ҳамзамон зикр намуданд, дар доираи имкониятҳои мавҷуда саъю кӯшиши худро барои васеъ намудани фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ва афзоишиҳаҷми содироти молу маҳсулот, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани яке аз вилоятҳои калонтариниҷумҳурӣ — вилояти Хатлон равона менамоянд.

Дар интиҳои мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо доираи соҳибкорон ба беш аз 40 нафар соҳибкорони фаъоли вилоят барои саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ободонии шаҳру нохияҳо, бунёди корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ, роҳу мактабҳо ва биноҳои таъиноташон гуногун, дастгирии оилаҳои камбизоат ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.