Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА ДАР ШАХРИ БОХТАР

Имрӯз бахшида ба эълон гардидани сайри гули лола бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоудин дар майдони 70-солагии шаҳр оғози маъракаи гулшинони гузаронида шуд. Дар ин баробар дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гули лола ва дигар гулҳои мавсими шинонида шуд.

Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сарсабзу хуррам гардонидани маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки ташкилоту муассисаҳо дар маконҳои ҷамъияти ва гузаргоҳҳо бояд гули лола ва гулҳои мавсими шинонида шавад. Ин иқдом дар вилоят шуруъ гардида, раиси вилоят ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар аз оғози маъракаи гулшинони, ки дар майдони 70-солагии шаҳр сурат гирифт дидан кардаанд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба гулпарварон оид ба тарзу усули шинонидани гули лола ва гулҳои мавсими маслиҳатҳои муфид дода, таъкид доштанд, ки ҳар як ваҷаб замини холӣ дар маркази вилоят шаҳри Бохтар самаранок истифода гардад. Раиси вилоят бо лоиҳаи таҳрезигардида оид ба сабзу хурамгардонидании маркази вилоят шаҳри Бохтар шиносои пайдо намуда, масъулинро муаззаф намуд, ки маконҳои ҷамъияти ва гулгашту хиёбонҳо гулзор намоянд ва тозагиро риоя намуда, барои сайру сайёҳати сокинону меҳмонони шаҳр шароит муҳаё карда шавад.

Тибқи нақшаи таҳрезигардида дар шаҳри Бохтар аз имруз саркарда то рӯзҳои ахири ҳафта бояд зиёда аз 500 ҳазор гули лола шинонида шавад. Дар ҳамин радиф дар дохили бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зиёда аз 30 ҳазор дона гули лола шинонида шуд. Дар маъракаи гулшинони кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастаҷамъона барои сарсабзу хурамгардонидани атрофи бинои ҳукумати вилоят саҳми назарас гузоштанд. Гуфта шуд, ки маъракаи гулшинони, гули лола ва дигар гулҳои мавсими дар фасли зимистон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оғоз гардида, идомаи ин маъракаи сарсабзу хурамгардони дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷараён дорад.