Рӯзи 4-январи соли 2018-ум дар бинои Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти молиявию хоҷагидории Палата дар соли 2017-ум баргузор гардид, оиди ин масъала муовини директори кулл баромад намуда ҳозиринро ба фаъолияти соли сипаригашта шинос намуд. Дар маҷлис муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамова М.А. ва муовини сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят Муродов М., иштирок ва баромад намуданд.