Рӯзи 29-майи соли 2019 бо ташаббуси лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёри дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» ва дар ҳамкори бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар қитъаи намоиши лоиҳа дар н. Ёвон хоҷагии таълими-таҷрибавии Донишгоҳи Аграрии Точикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур баргузор гардид, ки дар он Муовини соҳавии раиси вилояти Хатлон Зоҳирзода У, раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур, директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Сафарзода С, роҳбарони қитъаҳои намоишии боғу ниҳолхонаҳои аз тарафи лоиҳа дастгиришаванда, аъзоёни Бригадаҳои рушди боғпарварӣ (БРБ), деҳқонону фермерони боғпарвар, мутахасиссони кишоварзии ҷамоату ноҳия ва мутахасиссону ходимони илмии Ташкилотҳои Шарик ширкат варзиданд. Максади асосии намоиш ин паҳн намудани таҷрибаҳои пешрафтаи соҳаи боғпарвари ва муаррифии навҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда, аз он чумла навъҳои аз беруни кишвар оварда ва дар солҳои охир мутобиқ шуда дар иқлими Тоҷикистон мебошад.