Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Рузи 19 май дар Ватани азизамон Рӯзи «Дави миллӣ», ки ҳамчун анъанаи нек дар байни мардум маҳбубияти хос пайдо кардааст, баргузор гардид.

DSC_0543.JPG

Дар чорабини мазкур раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба сухани табрики баромада, дар суханронияш қайд намуд, ки баргузории Рӯзи Дави миллӣ ва дигар чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» ҳам, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субот дар мамлакат мебошад.

Мақсади асосии баргузории Рӯзи «Дави миллӣ» ташвиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ дар байни ҷавонону наврасон ва бо ин роҳ эътирози ҷавонони вилоят бар зидди омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла нашъамандӣ, ҷинояткорӣ, шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва хариду фурӯши одамон мебошад. Боиси тазаккур аст, ки пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон низ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати мамлакат эълон гардидааст.Зеро, асри ХХI ҳамчун даврони пешрафти бесобиқаи илму технология буда, моро водор месозад, ки барои тарбияи истеъдодҳо аз ҳисоби насли наврасу ҷавон, яъне бавоя расонидани кадрҳои замони нав ва номбардорони ояндаи миллат аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода намоем.Иқдому дастгириҳои мунтазами Роҳбари давлат, Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аст, ки имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон фаъолона саъю талош менамоянд.Эътимод дорем, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда, дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта саҳми арзанда мегузоранд. Дар ин чорабинии муҳими сиёсию варзишӣ-«Дави миллӣ», ки бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» доир гардида истодааст, ҳазорон нафар шарҳвандони вилояти Хатлон, аз ҷумла ҷавонон бо амри дил фаъолона ширкат варзида, ҳамраъии худро бо тамоми сокинони сайёра, ки варзишро ҳамчун рамзи ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва қосиди сулҳ эътироф кардаанд, изҳор менамоянд.

  • «Дави миллӣ» нуқтаи асосии варзиш барои аҳли ҷомеа ва саҳми он дар пай-васташавии иҷтимоии инсоният мебошад. Ҳама иқдому чорабиниҳое, ки ҷиҳати инкишоф ва густариши варзиш аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон андешида мешаванд, маҳз ба ҳамин хотир мебошанд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба инкишофи варзиш ва рушди иҷтимоии ҷавонон таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд, ки вохӯриву мулоқот бо ҷавонон ва варзишгарон тасдиқи ин гуфтаҳост. Ҳар як мулоқоту вохӯриҳои Пешвои миллат бо ҷавонон ва варзишгарон, дар самти рушди варзиш дар вилоят такони ҷиддӣ бахшида, баҳри рушди соҳа мусоидат намуда истодааст. Танҳо дар давраи панҷ соли охир дар вилоят 3 маҷмааи варзишӣ, 249 майдончаҳои варзишӣ, 31 толори варзишӣ аз ҳисоби буҷети маҳалӣ ва маб-лаҳои айрибуҷетӣ сохта шудаанд. Барои рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар вилоят тадбирҳои мушаххас андешида шуда, ба ҳолати имрӯза дар ҳудуди вилоят 6 маҷмааи варзишӣ, 3111 майдончаҳои варзишӣ, 526 толорҳои варзишӣ ва 32 ҳавзҳои шиноварӣ фаъолият доранд. Инчунин, дар вилоят 1 муассисаи давлатии мактаби маҳорати олии варзишии вилоят, 1 муассисаи давлатии мактаби махсус оид ба намудҳои гӯштин ба номи Саидмумин Раҳимов, 4 муассисаи давлатии мактаби варзишии вилоят ва 28 муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо фаъолият дошта, дар онҳо 584 нафар мураббиён аз рӯи 34 намуди варзиш ба 15 ҳазору 532 нафар наврасону ҷавонон маш-улият мегузаронанд, ки ба ин муассисаҳо 2165 нафар бонувон низ барои тамрин ҷалб гардида, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ шарафи вилоятро баланд мебардоранд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 80 толори варзишӣ ва 300 майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати имрӯза 9 толор ва 82 майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки дар рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ заминаи муносиб хоҳад гузошт.

  Дар натиҷаи дастгириҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят варзишгарони вилоят дар чор моҳи соли ҷорӣ дар 8 мусобиқаи               байналмилалӣ, 22 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 141 медали тилло, 152 медали нуқра, 185 медали биринҷӣ, дар маҷмӯъ 478 медал ба даст овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 медал зиёд мебошад. Сиёсати имрӯза дар самти варзиш тақозо дорад, ки тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, дар рушди соҳаи варзиш ҳамқадами кишварҳои мутараққии ҷаҳон бошем. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят имконият фароҳам меорад, ки варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар вилоят рушд кунад. Зеро, ақли солим дар тани солим буда, сармояи беҳтарини давлат маҳз саломатии аҳолии он мебошад. Итминони комил дорам ки рӯзи «Дави миллӣ» дар ҳама шаҳр ва навоҳии вилоят дар руҳияи рафоқату ҳамдилӣ, дӯстию баробарӣ ва бародарӣ ҷараён хоҳад гирифт

Боиси қайдаст, ки дар чорабинии имрӯза беш аз 12 ҳазор нафар бо парчаму шиорҳо ҷамъомада дар дави имрӯза иштирок карданд, ки ғолибонро бо ифтхорномаву сипоснома қадрдони намуданд.