САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
Опубликовано Ср, 08/12/2020 - 10:27Имрӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ҷараёни таъмиру бозсозии роҳ дар деҳаи Хуррамдеҳи шаҳри Левакант боздид карданд.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони деҳаи Хуррамдеҳ бо ҷалби маблағҳои худӣ ва соҳибкорон тасмим гирифтанд, ки роҳи дохилидеҳавиро ба масофаи 4 км таъмиру мумфарш намоянд.









