Ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон

Рӯзи 7-уми марти соли равон таҳти роҳбарии намояндаи палата иштироки якқатор аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилоятро  дар Ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки санаи 8-уми март дар маҷлисгоҳи Меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенс»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъмин намудем.

Қалъаи тоҷик

Директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти  Хатлон аз рӯзи  21 феврал то 25 феврали соли 2018 дар ифтитоҳи марказӣ фарҳангию фароғатии «Қалъаи тоҷик» дар шаҳри Маккаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ иштирок намуда, бо соҳибкорони  шаҳри Макка вохуриҳо доир намуд.

Нақши занон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ

Рӯзи 14-уми феврали соли 2018 Палатаи савдо ва саноати вилоят Хатлон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва Форуми якуми занони ҳунарманди вилояти Хатлонро таҳти унвони «Нақши занон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ», ки бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», нигаронида шуда буд, дар театри вилоятии ба номи А.Муҳаммадҷонов-и ш.Қӯрғонтеппа баргузор намудем.

Директори кулли Палата бо муовини роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» Мирзодавлатов Ф. вохӯри доир намуд.

Дар вохӯри бо мақсади аз наздик шиносои пайдо кардан аз иншоотҳои сохташуда ва сохташавандаи минтақа дидан карда, оиди ҳамкориҳо бо МОИ мазкур ва таъмини иштироки ҳайатҳои тиҷоратию иқтисодие, ки бо таклифи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи мо ба вилоят ташриф меоранд гуфтугуҳо ба анҷом расонида шуд.

Pages