Санаи 22.12.2021 Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бахшида ба Иди касбии кормандони соҳаи энергетика, “Рӯзи энергетикҳо”
Опубликовано Чт, 12/30/2021 - 10:53Муҳтарам кормандони соҳаи энергетика!
Тӯли 85 сол мешавад, ки санаи 22 декабр дар ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи энергетикаи кишвар таҷлил мегардад.
Соҳаи энергетикаи кишвар омили асосии устувории иқтисодиёти ҷумҳурӣ буда, дар ташаккул ва рушди дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат нақши бориз дорад. Бинобар ин, соҳа мавриди таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, имрӯз он дар ҳоли рушд қарор дорад.








