Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

ВОХӮРИИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО СОҲИБКОРОН – НАМОЯНДАГОНИ СОХТОРҲО ВА АЪЗОЁНИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

    Дар заминаи ҳидоятҳои роҳбари Олии кишвар санаи 01 маи соли 2026 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон вохӯрии Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солеҳзода Ашурбой Абулвоҳид муовини Раиси вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Нурализода Амрулло Назрулло Директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон, бо соҳибкорон – намояндагони бахшҳо корхонаҳо ва аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар вохурӣ Саидзода Саидмаҳмуд Сайдаҳмад - Ректори Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон, Усмонзода Исфандиён Сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии вилоят, Сафаров Ниёзали – Муовини Филиали КВД “Тоҷиксуғурта” дар вилоят, Саидзода Хуршед - Мудири КВД “Бонки саноати содиротии Тоҷикистон” дар минтақаи Бохтар, Акрамшоев Акмал – роҳбари Филиали “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” дар минтақаи Бохтар, низ иштирок намуданд.
   Дар оғози вохӯрӣ Директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Нурализода Амрулло Назрулло, Раиси ПСС-И ҶТ, муовини раиси вилоят, соҳибкорон – намояндагони бахшњо корхонањо ва аъзоёни палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлонро барои ташрифашон дар вохурї ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон миннатдори намуда, баъдан ќайд намудан, ки наќши Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон дар давраи фаъолияти худ дар асоси дастуру супоришњои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супоришњои роњбарияти Палатаи савдо ва саноати Љумњурии Тољикистон, Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят бармеоянд, ба роњ монда, як ќатор корњоро ба анљом расонидааст. Як ќатор ширкату соҳибкорон ба аъзогии ќабул карда шудаанд, ки шумораи умумии аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Љумњурии Тољикистон дар вилоят ба 358 ва адад расонида шуд. Айни замон Палатаи вилоят бо мақсади рушди ҳамкориҳо ва саҳм гузоштан дар пешрафти иқтисодиёти вилоят 78 адад шартномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум бо Палатаҳои хориҷи кишвар ба имзо расонидааст.
   Аъзоёни Палата дар 132 баргузории намоишгоњњо, Форумњо ва дигар чорабинињое, ки дар Федератсияи Россия, Љумњурињои Ўзбекистон, Ќазоќистон, Белорус, Ќирѓизистон, Љумњурии Мардумии Чин, Эрон, Туркия, Аморати муттањидаи Араб ва дигар давлатњои хориљї дур баргузор мегардад иштирок ва сањми назарраси худро гузоштаанд.
   Баъдан Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромадашон қайд намуданд, ки дар заминаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз мавқеъи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста амалишавии нақшаву барномаҳои палата ва ҳамкорӣ бо соҳибкорону кордиҳандаҳо ва иштироки онҳо дар чорабиниҳову намоишгоҳҳои дохилию байналмилалӣ саҳми назаррас дорад. Раҳмонализода Ф. Р. ишора намуданд, ки ҳарчанд тӯли солҳои охир гардиши савдои миёни кишварҳо тамоюли мусбӣ касб намуда бошад ҳам, аммо иқтидори зиёди истифоданашуда ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми он вуҷуд дорад.
Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла, саноати нассоҷӣ ва коркарди пахта, истењсоли мањсулотњои кишоварзӣ ва коркарди он,армуѓонњои сайёҳӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки дорусозӣ бо истифода аз имтиёзҳои минтақаҳои озоди иқтисодии дар вилояти Хатлон буда, инчунин густариши ҳамкорӣ дар самти коркарди ниҳоии пахта ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ гардид.
   Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ќайд кард, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мароми асосии фаъолияташ тақвият бахшидан ба рушди саноат, истеҳсоли маҳсулотҳои ватанӣ, дастгирии соҳибкорон, таъмини истеъмолкунандагон бо маҳсулотҳои босифат ва содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар, рушди иқтисодиёти миллӣ мебошад. Инчунин, аз тарафи Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ дар чорабинии мазкур ҷиҳати густариш додани бахши хусусӣ, фаъолияти соҳибкорон таваҷҷуҳӣ хоса зоҳир гардид.
   Ректори Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон Саидзода Саидмаҳмуд Сайдаҳмад оида таќвият бахшидани ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноат изњори ақида намуд.
   Дар чорабинӣ ҷиҳати коҳиш додани монеъаҳои фаъолияти соҳибкорон, тақвият додани бахшҳои омӯзиши, ҷалби сармояи хориҷи баҳри рушди соҳибкорӣ ибрози андеша карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлили 35-солагии истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Топ-35» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Дар озмуни мазкур 35 нафар соҳибкори муваффақ, ки молу маҳсулоташон дар дохил ва хориҷи кишвар эътироф шудааст, интихоб мегарданд. Табиист, ки ин иқдом барои рушди соҳибкорӣ, рақобати солим байни соҳибкорони вилоят ва истеҳсоли молу маҳсулоти босифат замина хоҳад гузошт. Иттило дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои тақвият бахшидан ба фазои соҳибкорӣ, рақобати солим ва беҳдошти рушди зиндагии мардум нақша ва барномаҳои махсусро роҳандозӣ намудааст. Рушди соҳаи саноат дар се моҳи аввал назаррас мебошад. Иброз гардид, ки имкониятҳои дар вилоят мавҷуд буда, баҳри рушди ҳадафи чоруми стратетагии мамлакат – саноатикунонӣ босуръати кишвар шароит фароҳам оварад.
   Ба гуфти муовини Раиси вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Солеҳзода Ашурбой Абулвоҳид ҷиҳати ислоҳи эродҳои Сарвари кишвар бояд дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят барои кӯмак ва дастгирии соҳибкорон Шуроҳои машваратӣ таъсис дода шавад. Дар ин раванд майдони муколомаи ҳукуматҳои маҳаллӣ ва соҳибкорон густариш дода шавад.
   Соҳибкорони маҳаллӣ дар тақвият бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ дар сафи пеш мебошанд, ки ин гуна ташаббусҳои онҳо мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат қарор дорад.
Дар ҷараёни чорабинӣ оид ба рушди саноату сармоягузорӣ, такон бахшидан ба фаъолияти соҳибкорон, тавассути хизматрасониҳои бонкӣ ҷиҳати дастрасии маблағҳои фоизҳояшон нисбатан кам ва бо муҳлати зиёд аз ҷониби соҳибкорон таклифу пешниҳодҳо карда шуд.
   Иштирокдорони чорабинӣ, соҳибкорон оиди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки дар бунёди корхонаҳо бештар имкон фароҳам меорад, ибрози андеша намуданд.
   Аз ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат бармеояд, ки истеҳсол ва коркарди маҳсулотҳои кишоварзи низ хеле амаҳияти калон дорад. Дар чорабинӣ маълум шуд, ки дар ояндаи наздик дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ярмаркаи молу маҳсулотҳои кишоварзӣ баргузор мешавад. Дар назар аст, ки дар он соҳибкорон ва кишоварзони вилояти Хатлон мавқегирӣ хоҳанд намуд.
Вилояти Хатлон дорои имкониятҳои бузурги истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ аз тарафи соҳибкоронро дорост, аз ин лиҳоз, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони вилоят боз ҳам тақвият мебахшад.
   Аз ҳама муҳим он буд, ки дар ҷараёни чорабинӣ миёни масъулини Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва соҳибкорони вилоят муколомаи озоду шаффоф ва судманд доир гардид. Иштирокдорони чорабинӣ изҳор доштанд, ки минбаъд низ гузаронидани чунин вохӯриҳо ба манфиати кор хоҳад буд.
   Дар назар аст, ки аз тарафи Палатаи савдо ва саноати вилоят барои тақвият бахшидан ба соҳибкорӣ, бахши хусусӣ чунин чорабиниҳо мунтазам гузаронида шавад.

Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон.